Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
дубора мегуфт. — Э-э, амаки Бадалбек, одам агар танҳо
бошад, мушкил будаст! Агар пушту паноҳи зӯр
медоштам, ман аллакай... — ӯ бо ишораи даст ва чашму
абрӯ баёни матлаб кард.
— Ту саросема нашав, Кабир. Зан гир, рӯзгората соз
кун, хотирҷамъ шав. Додарам, ин вазифа, пул оҳистаоҳиста худаш туро кофта меояд. Ҳар вақте ки омад, сахт
дору аз даст надеҳ. Ҷавонмард агар безан бошад, хаёлаш
ҷамъ намешавад, ана, сонӣ пешпо мехӯрад.
— Зан мегирам, — ҳамоно ба тарзи қатъӣ розӣ шуд
Кабир. — Сухани шумо барои ман қонун аст! Шуд, зан
мегирам. Киро гирам? Шумо маслиҳат медиҳед...
Ҳамон... а-а... хешатон Занҷира гирам? Гир гӯед,
мегирам?.. Дигарашро гир гӯед, дигарашро мегирам. Сухани шумо — қонун!
— Не, додари азиз, вай лоиқи ту не. Гапаш ҳаст... Ҳа,
ман сонӣ... Ягон вақт мегӯям, — Бадалбек асроромез
чашм хобонд. Сонӣ пайрави суханаш гуфт: — Вай ман
катӣ гапаш баромадагӣ, нағз не. Барои ту барин йигит
духтар каҳт не, чунон арӯсак ёбем, ки модараш бӯса
накарда бошад! Ман худам ба ту як духтари очааш
набӯсидагиро ёбам?.. А, ёбам?.. Дар таҳи дастам қариб
бист духтар кор мекунад. Ман хӯҷаини фермаи моли
колхоз! Агар хоҳӣ, духтари худама ба ту медиҳам. Ҳа,
ситораи ту ба дилам шишт, ба ту медиҳам! Ман —
мардам, гапам — якта. Агар домани маро сахт дорӣ,
пушаймон намешавӣ, додарам! Вазират ҳам ба ту ман
барин пуштибон намешавад! Ҳа, дасти ман даро-оз...
— То зиндаам... чӣ гӯям... аз шумо миннатдорам.
Шумо аз бародар ҳам зиёд... падар... — дар чашмони

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё