Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

Кам андар кам ҷавонони ин замон ин хел фаросат доранд. Худо хоҳад, ягон рӯз директори ҳамин корхона мешавед. Ман гуфтам, шумо шунидед. Нахандед, ман дар илми одамшиносӣ хато намекунам. Шуморо дидаму ситораатон ба дилам нишаст. Ин бахти калон аст, додар. Шумо хуб гӯед, ба худо ҳам, ба бандааш ҳам ситораи одам гарм афтад.
Ризқи одами ситорагарм фаровон аст. Аз чеҳраи шумо нур меборад, додар. Бешӯхӣ мегӯям... Ба колхози мо бед, сариқтисодчӣ кунам. Барои оянда тарҷумаи ҳолатон даркор мешавад.
Кабир аз ин суханон мум барин нарм гашта, хиҷолатомез табассум мекард. Ба дил мегуфт, ки ин мард бесабаб ба сарвату мансаб нарасида будаст, ба як дидан кию чӣ будани одамро медонад. Пул кӯр не, ба дасти кӣ рафтанашро медонад, — аз дил мегузаронд вай Бадалбекро миннатпазирӣ карда.
— Хайр, Занҷирро фардо омада мебинам. Агар вақтатон танг набошад, додар, бед, ҳар ду шаҳрро чарх занему ба ягон ресторани нағз маро баред. Кӯҳ ба кӯҳ намерасад, одам ба одам мерасад гуфтанашон бедарак набудаст. Ситораи шумо ба дилам нишаст, ман шуморо зиёфат мекунам. Ман як одат дорам, додар, тоқаву танҳо як пиёла чой ҳам аз гулӯям намегузарад. Ба ҳамин таклифи ман чӣ мегӯед? Ҳайрон нашавед, ман ақлам дар ҷояш, одами назаратон мегирифтагӣ... — Вай хандида дасти Кабирро гирифта фишурд. — Ситораатон ба дилам нишаст гуфтам-ку, ин сухан бегап не, додар, шумо одами калон мешавед. Исми шарифатон?

пешина
аз 538
навбатӣ