Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Кабир табассум карду номашро гуфт. Вай ба таклифи Бадалбек чӣ ҷавоб доданашро надониста ҳайрон буд.
— Маро Бадалбек мегӯянд. Агар ба райони мо равед, аз ҳафтсола то ҳафтодсола, шукр мешиносанд, медонанд. Кабирҷон, шумо ҳайрон ҳам нашавед, хиҷолат ҳам накашед. Ҳа, қисса мекунанд-ку, мо — ҳама пасту баланд ба дуньё меоем, аммо баъди мурдан ҳама баробарем, аз се газ замин зиёд ҷо ба мо намерасад, додар. Ошно шавед, худо агар хоҳад, ба тарафи мо меравед, мебинед. Шукр, додар, дар район иззату ҳурмат дорам. Улфатӣ ҳам, ҳоҷатбарорӣ ҳам аз дастам меояд.
Аслан, ман ба одамони шаҳр ихлосмандам, аз ҳамин шаҳр ҳавлӣ харам мегӯям. Шумо барин ҷавонони ҳушьёру бамаъниро бинам, ростӣ гап, аз сӯҳбат сер намешавам, баргашта ба деҳа наравам мегӯям.
Ҷавонони деҳа катӣ нишаста, роста гап, каллаи кас пӯк мешудаст. Ситораатон ба дилам нишаст-да. Хайрият, як худам дилтанг будам, худо шуморо рӯ ба рӯ кард, — Бадалбек ҳоло тез-тез, бидиррос зада сухан мегуфту зӯр мезад, то ба ҳамсӯҳбаташ имкони даъваташро рад кардан надиҳад.
Кабир аз рӯи адаб ва қоидаи маъмула ба як бор узр овард, аммо Бадалбек дар хоҳиши худ исрор кард:
— Ман дар шаҳратон меҳмонам, маро наранҷонед, додарам. Аз шиносиамон фақат хурсанд мешавед. Ман одами даркориам. Ҳа, баъзе одамони дуруст ҳам ман катӣ роҳи ошноиро кофта мегарданд, — ӯ мад кашида рамзомез ба чашми ҷавон менигарист. — Одам ба одам ҳамеша даркор аст. Ҳоли мебинед... Хайр, рафтем, сӯҳбат дар сари дастархон маза дорад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё