Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Не?! — овози Бадалбек саҳл тағйир ёфт, вале зуд худро ба даст гирифт. — «Волга»-ро дидаму ба қафояш дуруст зеҳн монда нанигаристам. Калонон катӣ наздик аст? А? Кӣ уна савор мекунад? — Гӯё тарбузаш аз бағал афтода бошад, ӯ хотирпарешон, нигоҳи ҳайронаш ба чор сӯ мелағҷид.
— Нафаҳмидам, — китф боло кашид Кабир. — Агар даркор бошад, барои шумо фаҳмида мемонам, — бепарво илова кард ӯ.
— Ягонтааш сари духтари ҷавона гардонда, бероҳа накунад, мегӯям, додар. Аз худатон гап намемонад, дар ин синн духтар чиро мефаҳмад?.. Дар ин шаҳр пулдору пулмаст ҳисоб надорад, сақича аз даҳони одам зада мегиранд. Дуруст мегӯям?
— Бесабаб хавотир нашавед, амак, мошин равона буд, илтимос карда бошад, савор кардагист. Занҷир духтари бамаънӣ аст, — Кабир аз ин мошинсаворию бо калонон наздикӣ ба номи духтар доғи дигар заданашро андешиду ба ислоҳи саҳви худ кӯшид.
— Ҳа-а, рост мегӯед, — гуфт Бадалбек ҳанӯз ҳам хотирпарешон. — Ману шумо кайҳо шинос гаштанамон даркор будаст.
— Аҷаб не, дар деҳа Занҷир ба чашматон гавҳари якто барин тобад, дар шаҳр ин хелҳо лаб задагӣ. Бепарво бошед, — таъкид кард Кабир.
Аз ин сухани ҷавон Бадалбек филфавр таскин ёфт ва ё андешаи дигаре ба фикраш расид магар, тағийри авзоъ карду ба ҳамсӯҳбаташ рӯ овард:
— Барака ёбед, додар, агар шумо дучор наоед, беҳуда нигарон меистодам. Ба падаратон раҳмат, ҷавонмарди рамузфаҳм будаед.

пешина
аз 538
навбатӣ