Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

— Хобатонро рафта, ҳу ба обу сойи қишлоқатон гӯед, — гуфт Занҷир қафо гашта. — Овора мегардед...
Аз суханони Бадалбек ба як бор азми Занҷир шикаста, ба дилаш шубҳаю нобоварӣ роҳ ёфту овози ӯ ҳоло дигаргуна садо дод. Аммо Бадалбек ин ҳолати ӯро пай набурд.
— Ба ман нигар, Занҷир... Гӯш кун... Гӯшти қавурдоғу равғани зард овардам, бигиру бирав! Ба ту мегӯям!
— Даркор не!.. Чизҳотона ман ба мӯҳтоҷон додам, зоро дуо кунанду ақлатон ба сар ояд, — гуфт Занҷир ва даст афшонду бо ҷадал аз дарвоза дарун рафт.
— Занҷир!.. Занҷир, гӯш кун... Ба ман нигар...
Аммо Занҷир дигар ба қафояш нанигарист.
Бадалбек мунтазир истод. Ҳоло зану мард — коргарони корхона гурӯҳ-гурӯҳ аз дарвоза берун мешуданд. Як мошини «Волга» ҳам баромада рафт.
«Калони ҳамин корхона бошад? — худ аз худ савол кард Бадалбек. — Корди интуриҳо болои равған аст гӯед, мешавад. Охир, атласи қимат аз ҳамин корхона мебарояд. Як ҷӯра атласаш дар бозор саду панҷоҳ сӯм!
Агар калони ҳамин корхона бошад, ин мардак ягон мильёна зер карда гирифгагист, балки зиёдтар. Барои инҳо пул худаш ғелида меояд. Хайр, ба Занҷири ман чашм ало накунад, шуд. Хӯрад, ошаш шавад. Аслан, дар ин шаҳри калон хӯрдагеша ош карданаш ҳам осон не, чандин касона хӯронданаш даркор, набошад, ду-се бор комиссияю ревизия фиристода, хӯрдагеша заҳр мекунанд. Ман ҳам баъзе қадрдонҳоро кай боз ёдоварӣ накардаам.

пешина
аз 538
навбатӣ