Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Аз дасти ман ҳар кор меояд. Агар хоҳам, туро хушбахт мекунам. Калиди бахти ту дар дасти ман аст.
— Ба додом ҳамин гапатонро мегӯям, он кас пеши раис мераванд, — Занҷир аз шасташ гашту боз кафгирро ба даст гирифт.
Бадалбек хираханде карду сар ҷунбонд.
— Кабобро паз, ҷони ширин.
Чашми вай ба рӯи Занҷир ба мафтунӣ гиреҳ хӯрда, ба ҳадде инону ихтиёр аз даст дода буд, ки авзои ғазабноки духтар ҳам ба ӯ кора намекард. Вай ба дили занҳо, ба фикру ақидаи онон, муҳаббату нафраташон ба ҳадде беэътибор буд, ки ҳоло рӯю мӯй, тоқи абрӯвони чинзадаи Занҷирро хаёлан бӯсаҳо мезад, дасти навозиш мениҳод, дарди дил мекард. Оқибат вай ҳушашро аз банди ин гирудори эҳтирос фароҳам гирифту ғайри ихтиёр баланд оҳе кашид ва ба худ гуфт: «Ваъдаҳои ширин қатӣ кам-кам оҳанашро мулоим карда, сонӣ ниятамро гӯям, бовар кунад, сонӣ розӣ мешавад. Ба як ҷавони косагадо расидан қатӣ чӣ рӯзи равшан мебинад?!
Агар ҳозир ягон тӯҳфавор медоштам, атласи куртавор, ҳалқа ё ангуштарини тилло... Бояд, ки кайҳо гирифта мегаштам. Ҳозир калон ҳам, хурд ҳам, зан ҳам, духтар ҳам ба дастат менигарад. Хушомад гуфтам, ба худо хуш омад! Баъзеҳо «э, вай намегирад, тамаъ надорад», мегӯянд. Ба ин мардуми гӯл чи ҳам гӯям?! Албатта, агар «ма, ин пораро гиру кори маро соз кун», гӯяд, кӣ аз дасти вай чиз мегирад?! Ришваю тӯҳфаи одами беақл аз ҳақорат ҳам бадтар аст. Агар ангези гапро оварда, ҳамчун пора нею тӯҳфа ё тиккаи муҳаббат, савғотӣ ё

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё