Зеҳн
Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа

Ҳикоя
Аз аввал хондан

дастовез бубахшеду бе шумо аз гулӯям нагузашт, чи кунам гӯед канӣ, кӣ рад мекунад?!»
Аз суханони Бадалбек ҳоло Занҷир яқин ҳосил кард, ки дили вай чунон ки мегӯяд, холис нест. Аз ин ҷиҳат ваҳму ҳароси духтар дақиқа ба дақиқа меафзуд, торикӣ ва хомӯшии атроф бештар ӯро ба изтироб меафканд.
Кошкӣ, ягон кас меомад. Агар мардум шабона дар ин ҳавлича бо Бадалбек танҳо ба танҳо буданашро шунаванд, рӯзаш сиёҳ мешавад, дигар касе ӯро арӯс кардан намехоҳад, хостгорон аз ҳавлии онҳо қадамашонро мекананд, шубҳаю хавотирии бибиаш дуруст мебарояд... «Наход барои бадном кардани ман қасдона ҷеғ зада бошад? — мегуфт вай худ ба худ. — Барои чӣ Шогадои косалесаш гум шуд? Наход ки барои фиреби ман дом андохта бошад?.. Не-е, мурд магар...— Занҷир чору ночор худашро таскин медод. — Дигар духтарон ҳам дар ин ҷо пухтупаз мекарданд. Лек ин рӯзона дастьёрӣ мекарданд, ба шом монданашонро нашунидаам. Кӣ медонад, балки ин мардак ба ман дил дода, ақлу ҳушашро гум карда бошад? Ё маст магар? Не, одам арақ хӯрад, ақлашро намехӯрад-ку! Агар аз ростӣ ошиқ бошад, чӣ мекунам? Мардум ошиқии ӯро шунаванд, аз ман дилмонда мегарданд, дасти махав расидагӣ барин ҳазар мекунанд. Ё барои ба чангаш афтондан маро бадном карданӣ бошад? Чаро пештар фикр накардам?!»
Бадалбек зери лаб таронаеро замзама карда, калавида-калавида ба хона даромаду чароғро даргиронд.

пешина
аз 538
навбатӣ