Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
мегирифтанду дар бадалаш туро медоданд. Додот сад ҳазор қалин пурсад ҳам, медодам. Бовар мекунӣ, сад ҳазор пурсад ҳам! Ҳурмати нон. Қадри зарро заргар медонад, гуфтаанд машоихҳо. Занҷири ҷон, ту худатро хор накун, лоиқи ҳар касу нокас нестӣ. Туро одам ба кафи дасташ бардошта гардад, меарзӣ. Худо ба ту давлати ҳусн додаст... Хайр, аслан, мард пир намешавад.
Бибӣ Оишаи нуҳсоларо ба Муҳаммад — пайғамбарамон никоҳ карда доданашон гапи беҳуда не. Эҳ, Занҷири ҷон, ту қадри худатро дониста мон. Баъзе ҷавонҳо дар кисаашон як пул не, дар хонаашон муш бозӣ мекунаду зан мегиранд. Ҳайфи духтари ба ин хел ҷавони бадбахт расидагӣ-да... Эҳ, аз сарат зар пошам, меарзӣ.
— Амак, ба ман ин хел гапҳоро нагӯед, — гуфт Занҷир, ки худро ба дег машғул дошта, ба сӯи мудир наменигарист. — Агар ин тавр кунед, ман аз кори ферма меравам.
— Беақлӣ накун, Занҷир, — ҳоло ба мақсади авзои духтарро саҳеҳтар мулоҳиза кардан Бадалбек аз паҳлӯи оташдон гузашт. — Маслиҳати мана гӯш накунӣ, охир пушаймон мешавӣ. Ман хушбахтии туро мехоҳам.
Мехоҳам, ки дастатро ба оби хунук назада, шоҳдухтар барин зиндагӣ кунӣ...
— Бас... Гиред дегу табақатона, ман меравам,— Занҷир бо шаст кафгирро рӯй табақ партофту қоматашро рост кард.
— Беақлӣ накун, Занҷир, — якбора дасту по хӯрд мудир. — Кабобро пазу сонӣ рав. Ҳа, кӯтоҳандешӣ накун, духтар, ман одами андак-мандак нестам, — аз раъяш баргаштани духтарро дида, Бадалбек рӯҳ гирифт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё