Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
— Гӯштатон даркор не, намегирам, амак, — гуфт духтар барои назокат ва сахт нарасидани суханаш андаке табассум карда. Сонӣ ба оҳанги боз ҳам нармтар баҳонаи бардурӯғе пеш овард:
— Додом фаҳмида, ҷанг карданд, «дигар ҳеҷ чиз набиёр» гуфтанд.
Занҷир бо дили пурҳавл ба кунҷаки хона рафт ва як лаби пӯстро бардошта, гӯшт гирифтан хосту пурсид:
— Чӣ қадар гирам?
— Як-якуним кило барин гир... Камира набин, ҷони ширин. Додот беҳуда дилаша бад кардаст. Ман аз дили соф. Ҳа, ман баъзеҳо барин худхӯрам не. Дар дуньё ба одам чӣ даркор аст? Тани сиҳату хотири чамъ. Хотири ҷамъ ин пулу мол аст, Занҷири ҷон. Давлатат бошад, — хотират ҷамъ. Дар зиндагӣ чӣ чиз аз марг бадтар аст, гуфта пурсанд, Луқмони Ҳаким ҷавоб додаст — нодорӣ, дасткӯтоҳӣ...
Бадалбек рост истода, чашмаш ба сару мӯи Занҷир, аз ҳикмати рӯзғори худ сухан мегуфт. Зотан, инчунин ҳикмат вирди забони ҳамнишинони пулдори ӯ буд.
Панди ӯ ба гӯши духтар намедаромад. Вай на хатари нодориро медонист, на фароғати сарватмандиро, бинобар он, инчунин ҳикмат барои ӯ аз қиссаҳои бибиаш беш маъние надошт. Хоса, ин лаҳза, ки вуҷуди Занҷир аз изтироб раъша дошт, дастонаш меларзид, аз ҳаросе, ки ба дилаш ангез карда буд, сар бардошта ба сӯи мудир наменигарист, вале ин вазъи худро зоҳир кардан намехост. Нигоҳаш ҷиддӣ, балки норизонамо, абрӯвонаш — гиреҳ, лабонаш — сахт ба ҳам фишурда.
Вай ҳам мисли дигар духтарони деҳа аз бадномӣ

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё