Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
саркор катӣ андак ҳингир-ҳингир кардаст ё не, корашро зиёд навиштаст, бо ҳамин бечора пирдухтар шуд ва оқибат ба як марди занмурда расид. Шаби тӯяш чунон гирист, чунон гирист...»
Занҷир саргарми инчунин андешаҳо шитоболуд кор мекард. Баъди ширро полуда супоридан, ба модговҳо хошок дод, охури онхоро аз нишхӯр тоза карду баъд хилъаташро кашида аз дарвоза берун шуд.
Бадалбек дар хона танҳо нишаста, дар тахтача пиёз реза мекард. Дар назди вай пиёлаву шишаи шаробро дида, дили духтар ба як бор рам хӯрду дар таҳи дар истод.
— Амаки Бадалбек, дер шуд, ман як худам чӣ хел мемонам... — гуфт вай хоҳишмандона саропо дар ташвишу изтироб.
— Э, парво накун, Занҷирҷон, ним соат... — Бадалбек аз ҷояш бархоста пеш омад. Нигоҳи вай саропои духтарро дарзмоли гарм барин гӯё лағжида гузашт, ки аз он вуҷуди Занҷир номаълум ларзид. — Ана, дар ин ҷо гӯшт... — Вай як кунҷи пойгаҳро нишон дод, ки дар он ҷо гушти барраро ба пӯсташ печонда монда буданд. — Вақти рафтанат камтар бигиру ба хонаатон бар. Ҳозир, ҷони ширинам, як кабобча паз, ку дастат ҳам худат барин ширин аст, бубинам. Хизмати моро кунӣ, фақат барака меёбӣ, ҷони ширин.
Бадалбек бо завқ мӯйлаби мошубиринҷашро молиду қоматашро росттар гирифта, бо як навъ табассуми аҷиби соддалавҳона ба рӯи духтар мутаваҷҷеҳ шуд.
Сипас хост, ки ба вай наздиктар истад, вале авзои ҷиддии духтар ӯро аз ин нияташ боздошт.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё