Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
Шогадо инро гуфту мисли ҳамеша сархам, ба рӯи духтар нанигариста ба раҳаш қафо гашт. Занчир лаҳзае саргаранг аз қафои вай нигариста монду баъд фарьёд кард:
— Амаки Шогадо. Ман танҳо намеистам, ягон духтари дигара ҳам гӯед.
— Ба худаш гӯй,— ба пасаш нанигариста ғурунгӣ кард мардак.
— Сояи арвоҳ барин лағжида нагашта мур, ту безарда,— гуфт Занҷир зери лаб.
Боз аз дилаш гузашт, ки инояти мудир ба вай аз дили софу холис нест. «Баъд аз ин хас барин чизашро намегирам. Агар намегирифтам, ҳозир чавобаша медодаму ба хона мерафтам. Авзои Шогадо дигар хел намуд, чӣ гап бошад? Аҷаб не, мудир ӯро дашному хорӣ дода, гум шав гуфту сонӣ маро даъват кард? Дар дили ин Шогадо дуньё-дуньё гапу кори ферма пинҳон аст, Бадалбек ӯро ба ҳеҷ вачҳ намеронад. Шогадоро одамон гӯристони ҳама сиру савдои ферма мегӯянд. Бибиам одами неку бадро аз як назар дидан мешиносанд, хато намекунанд. Чаро ман одамшинос нестам, ҳайронам, охир, маро нусхаи он кас мегӯянд-ку. Ба қавли бибиам, ягон вақт чашми дили ман ҳам кушода мешудагист.
Балки гумонам ғалат будагист, бесабаб ҳамин Шогадои бечора ба ман намефорад... Рӯз бегаҳ шуд, то ман наравам, биби хӯрок пухта наметавонанд. Ба ғайр аз ин, агар дер монам, хавотир мешаванд. Аз ҳама бадиаш, дар ин ҷо дер монданамро агар одамон шунаванд, ҳар хел гап паҳн мекунанд. Хайр, як-ду раҳ мебахшанд, аммо агар паёпай мондан гирам, худо зад маро. Хосият

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё