Агар вай мард мебуд - Баҳром Фирӯз

Буньёди ин қисса воқеист ва иштирокчиёни он имрӯз дар қайди ҳаётанд.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 538 саҳифа
метарсид, ба ҳадде метарсид, ки аҷдодаш аз вабо, аз тоун, аз маразу песу махав ин қадар тарсу ваҳм надоштанд.
Занҷир аз хона берун шуду як нафаси сабук гирифт.
Сонӣ дар оташдон алав карду ба дег равған андохт ва саросема ба гӯштбурӣ машғул шуд.
Офтоб ғуруб кард. Духтарон корашонро анҷом дода, якдигарро садо мекарданду ба ҷониби деҳа раҳсипор буданд. Занҷир мехост, ки ягон тан аз дугонаҳояш ҳамроҳ бошад, вале инро боз ба чи оҳанге ба мудир гӯяд, ки ӯ қабул кунад. То мудир нагӯяд, ҳеҷ яке аз духтарон ба ин ҷо намеояд.
Дар ҳар як амали хатарнок умеди хайрият ҳаст ва инсон ҳамеша ҳангоми таваккал ин буттаи ночизро сахт медорад. Дили Занҷирро як навъ ваҳму ҳароси нотаъин фишор меовард, вале ин ҳолро тан гирифтан намехост, аз тарси худ ботинан хиҷил буд. Вай зудтар кабобро дам карда, аз ин ҳавличаи хилвату бекас берун рафтанӣ буд.
— Заҳратон шавад... Доим гӯшти тоза мехуранд, — зери лаб ба худ пичиррос зад Занҷир. Сонӣ аз дилаш гузашт. — Моҳонааш дусаду сесад бошад ҳам, ба ин хел айш намерасад, аз ду сар дуздӣ-да. Эҳ, агар ман мард мебудам, пӯстаки ин Бадалбекро меафшондам. Ин мардони мо зарда надоранд, «нағз ҳам, бад ҳам ду рӯз аст, мегузарад», гӯён хотирҷамъ мегарданд. Як марди ин деҳа — додом аст, ки гап занед, доим байт мехонанд:
«Доро, ки кабоб мехӯрад, мегузарад, Сад нуқлу шароб мехӯрад, мегузарад. Бечора ба косаи гадоӣ нонро, Тар карда ба об мехӯрад, мегузарад». Ҳафтае мо ба зӯр як бор хӯроки гӯштӣ мехӯрем, инҳо-ҳар рӯз. Ба қавлӣ бибиам, ягонтааш шох набаровардаст.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё