Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ДЕҲИ УРМЕТАН
Деҳи Урметан зи шеър обистан аст,
Зодгоҳи шоирон Урметан аст.

Зодгоҳи Қутбии фархундапай,
Бо Зарафшон шеъри ӯ ҳамшеван аст.

Деҳаи Субҳони Туйғун, чеҳрааш
То ҳанӯз андар дили мо рӯшан аст.

Деҳаи Мирзои Маҳмуд, он зариф,
К-аз латофатҳош табъам гулшан аст.

Меҳани дорост, чун Доро Наҷот
Дар сухан дороии ин меҳан аст.

Деҳае, ки Озарахши табъи ӯ
Дар самои шеъри мо нурафкан аст.

Деҳаи он Шоҳрух Мирзои мо,
Нек инсоне, ки худ як меҳан аст.

Пайки нав бо Ховар Абдулҳай расад, –
К-ӯ умеди тозаи Урметан аст.

Реша дар об аст ин ҷо нахли шеър,
Эй басо нахле, ки андар рустан аст. –

Аз матои родмардиву шараф
Бар тани фарзанди ӯ пероҳан аст.

Деҳае, ки хайру эҳсону сахо
Бар ҷавонмардони некаш маъман аст.

Дар бараш рӯди Зарафшон зарфишон,
Зар таҳи по, зевараш дар доман аст.

Аз ҳама доротарин дороияш
Хайрхоҳиву футувват дар тан аст.

Меҳмонро мекунад ӯ тоҷи сар,
Ҳар кӣ ояд, гӯяд: ин деҳи ман аст!
1.09.2016

пешина
аз 218
навбатӣ