Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Аз остонаш ҳар саҳар як рӯзи нек ояд бурун,
Файзи Худо борад ба сар аз осмони Исфара.

Мурғи фараҳ пар мезанад дар осмони поки ӯ,
Хуршед хандон мерасад аз остони Исфара.

Он чи ба Зумрат дидаам, гӯё зумуррат дидаам,
Табъи равони мардуму оби равони Исфара.

Дил медиҳад, ҷон мебарад неру дучандон мебарад,
Бо меҳр меояд агар ҳар меҳмони Исфара.
03.01.2015

ДАР ҚУЛЛАҲОИ РАШТ

Дар қуллаҳои Рашт сар афрохтан хуш аст,
Дилро ба ин шукӯҳу сафо бохтан хуш аст.

Мусиқии муҳаббати худро ба сад наво
Дар симтори шаршара бинвохтан хуш аст.

Дар ин муҳити пок, дар ин ҷодаҳои сабз
Бар гӯши ҷон навои дил андохтан хуш аст.

Дилро ба нури як нигаҳе сӯхтан чу шамъ,
Ҷонро ба назри як назаре бохтан хуш аст.

Хуршеди ишқ то ки дурахшон шавад ба субҳ,
Дар қӯрҳои ҷони худ бигдохтан хуш аст.

Бо чашмаҳои поки ту бо сидқ рехтан,
Ҳамроҳи қуллаҳот сар афрохтан хуш аст.

То ки расӣ ба ҳар нафаси худ чу ҷӯйбор
Дар рӯи хоки сабзи ватан тохтан хуш аст.

Эй Ғарм, эй диёри муҳаббат, замини хайр,
Худро дубора аз нафасат сохтан хуш аст!

пешина
аз 218
навбатӣ