Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Сурати барқи дурахшон дар ҳарими шом,
Сабрро пироҳани фарёд хоҳам дод.

Бо фиғон чун рӯд сар ба санг хоҳам зад,
Сангро пайки фари Фарҳод хоҳам дод.

Ҳарчӣ дороӣ бувад бар додгар бахшам,
Дар баҳояш доди ҳар бедод хоҳам дод.

Озро озурда хоҳам дошт дар ҷонам.
Озари дилро пари озод хоҳам дод.

Умри ман чун барги гул гар рехт ҷонамро,
Чун гули хандон, ки ҷонаш дод, хоҳам дод,

Шираи ҷонро бисӯзам дар фурӯғи ишқ,
Дуди оҳамро ба дасти бод хоҳам дод.

Додро то даргаҳи бедод хоҳам бурд,
Доди доди доди доди дод хоҳам дод.

АЗ МОВАРОИ ПИРӢ

Акнун куҷо тавон рафт бо дасту пои пирӣ,
Бар ҳоли хеш механд аз моварои пирӣ.

Ҳарчанд месутуданд пирии босафоро,
Бар зербуни дард аст кохи сафои пирӣ.

Чуну чарои олам пеши ту дар чаро буд,
Посух надорад инак чуну чарои пирӣ.

Сар бар сари фалакҳо афрохтӣ ҳама умр,
Акнун куҷост он сар андар сарои пирӣ.

Пирӣ чу барф резад бар дӯш то натобад
Сад айби нохуши ӯ дар моҷарои пирӣ.

Мурғи ҳавас қафас шуд дар пушти чину ожанг,
Завлонаҳо гаронанд акнун ба пои пирӣ.

пешина
аз 218
навбатӣ