ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ОСМОНИ ХЕШ БОШ!
Эҳдо ба Абдурауф Раззоқӣ
Дӯстам, файзи умеди остони хеш бош!
Шаҳсутуни бегазанди хонадони хеш бош!
Бодҳои наҳс бар мо низ рӯзе мерасанд,
Қалъаи шаъни баланди худ, тавони хеш бош!
Муттакои шаъну номуси ҷаҳон моему ту,
Ғуссаву ғамро раҳо кун, шодмони хеш бош!
Шаъни мо шаъни худи мо нест, шаъни миллат аст,
Кони ганҷи фазлу фитрат дар ниҳони хеш бош!
Тарҷумони ҳар забони даҳр ғайр аз ишқ нест,
Ҳамзабони аҳли олам бо забони хеш бош!
Ончунон бош, ончуноне ки ҳамеша будаӣ,
Дар раҳи суди дигарҳо бар зиёни хеш бош!
Бар сари аҳли футувват осмони дигарест,
Остонатро рабуданд, осмони хеш бош!
Устухонатро басо хоидаанд ин гушнагон,
Нозбардори барӯманди сагони хеш бош!
Чун нишони ифтихори миллати худ сар фароз,
Худ нишони пеши бози бенишони хеш бош!
10.02.2018
ДОДИ ДОД
Як саҳар дилро ба ҳукми бод хоҳам дод,
Зиндагиро зиндагонӣ ёд хоҳам дод.
Бо гуле хоҳам шукуфту бо гуле хандид,
Тоби худро бар тани шамшод хоҳам дод.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё