Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Ин ҳам-ҳамаву дам-дамаҳо доми фиребанд,
Эй чашмаи покиза, дамидан ба ман омӯз.

Бе бол паридан самари поки сиришт аст,
Эй бод, аз ин раҳн раҳидан ба ман омӯз.

Эй мӯраки заҳматкаши беминнату беҷурм,
Дар хоки Ватан дона кашидан ба ман омӯз.

Аз саг сабақи сидқу вафо кист, ки омӯхт,
Дар ҳифзи ватан ҳусни хазидан ба ман омӯз.

Асрори худ, эй шоми пурасрор, ба ман бахш,
Чун субҳи сафобахш расидан ба ман омӯз.

Эй абри баҳор, аз сари мижгони дарахтон
Пеши қадами ёр чакидан ба ман омӯз.

ПАНДИ ДУНЁ

Хоҳам раҳо шуд охир аз макру фанди дунё,
Озод карда худро аз бору банди дунё!

Ман рӯи бовари худ, рӯи умед ҳастам,
Озодарӯву озод аз озманди дунё!

Бингар канори гулҳо гоҳе газанда рӯяд,
Эмин наметавон буд ҳеҷ аз газанди дунё!

Умрест нияти нек амри гузири ман буд,
То заҳрро бикардам дар ком қанди дунё!

12
Ҳайфи касе, ки буда дажхимрӯ, дижоҳанг,
Бар дасти ӯст умре дасти нажанди дунё.

Аз коми дил кам андеш, гарданкашӣ кам омӯз,
Бар гарданат биафтад рӯзе каманди дунё.

1
Дажхимрӯ – зиштрӯ, ғазабнок.
Дижоҳанг – бадандеш.

пешина
аз 218
навбатӣ