ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ОДАМ
Баста дасти хешро бар сар манам,
Ман дари худ, низ қулфи дар манам.
Ман худам маҳбас худам маҳбус ҳам,
Низ зиндонбони худ андар манам.
Ғояти мастиву ҳушёрӣ марост,
Соғарам, ҳам бода дар соғар манам.
Аз худам пастам, зи худ болостам,
Бо худи бе худ дар ин маҳзар манам.
Баста ҳам вораста ҳам дар хештан,
Минбарам, ҳам бар сари минбар манам.
Оташе дар обу обе дар аташ,
Ҳам мусалмонзода, ҳам кофар манам.
Кӯри биноям ману бинои кӯр,
Соҳиби сомеъа ман, ҳам кар манам.
Аз аламҳои дили ман аламон,
Оламе дар олами дигар манам.
Бар сари худ ҳам балоям, ҳам вабо,
Ҳам сафои хешро дар бар манам.
Бебало бигзаштаам аз сад бало,
Сад балое лек андар сар манам...
18.02.2011
ОМӮЗ
Эй ғунча, кушо дидаву дидан ба ман омӯз,
Бикшой пар, эй мурғу паридан ба ман омӯз.
Дарё бувад он қатра, ки омехт ба дарё,
Бо васли худ ин гуна расидан ба ман омӯз.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё