ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Чашми занҳо чашмаи нуру фар аст,
Обшор ин ҷо навои ишқ дорад,
Ҳар гиёҳ ин ҷо намои ишқ дорад...
Дар диёри ман
Бод мебофад саҳар бар пешвози рӯз
Кокулони обшоронро...
Абр мешӯяд ба оби раҳмати худ
Гардҳои рӯйи торонро,
Ғуссаҳои интизоронро...
Дар диёри ман
Дарду ғамро ончунон дар дил гудозиш медиҳанд,
То ки андар пайкаре рақсида-рақсида
Мешавад шодӣ...
Дар ҳама полезҳои меҳани ман
Ҳар гулу ҳар сабза дорад дар намояш
Муждаи озодагонӣ,
Пайки озодӣ,
Дар диёри ман ҳамеша
Чор фасли сол дар як фасл метобанд.
Чор фасли сол
Ошиқи ин меҳананд,
З-ин ҷо намехоҳанд рафт...
Дар ҳама полезҳои меҳани ман
Ишқ мерӯяд, муҳаббат мешукуфад...
ДАР РӮИ ДАСТ ҶОНАМ
Дар рӯи даст ҷонам, дар рӯи шона шонам,
Меҳан, ту мекунӣ дард дар мағзи устухонам.
Меҳан, ту мекашӣ дард дар дарди дасту поям,
Дардад фурӯ кашида, дар худ туро намоям.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё