Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Суннати озодагонаш,
Вожаи лафзи биҳиштӣ дар забонаш,
Озарахши родмардӣ дар равонаш,
Ҳукми имон аст ин ҷо,
Тоҷикистон аст ин ҷо!

Миллате аз хоки Шерак, хоки Деваштич Дар сари ҳиммат, сари нангу сари ҷон аст ин ҷо!
Тоҷикистон аст ин ҷо!

Ман намемирам, нахоҳам мурд, ин миллат намемирад, Решаҳои ман дар ин хоки муқаддас Умқ дар умқи ҳазорон аср Дар сиришти родмардон аст ин ҷо.
Тоҷикистон аст ин ҷо!

Эй басо аз махзанаш бурданд, аммо Ин наҷобат, ин муҳаббат, суннати озодамардонаш бимонд.
Ризқи мардони Худо аз заҳмату аз лутфи Яздон аст ин ҷо!
Тоҷикистон аст ин ҷо!

Файзи истиқлолу озодӣ Дар намои ҳар ваҷаб хокаш, ҳар инсонаш намоён аст ин ҷо!
Миллате, к-аз имтиҳони асрҳо озода бигзашт, Худ сазовори чунин шон аст аст ин ҷо!
Тоҷикистон аст ин ҷо!!!

16.01.2016. – 28.08.2017.
ДАР ҲАМА ПОЛЕЗҲО

Дар ҳама полезҳои Меҳани ман
Ишқ мерӯяд, муҳаббат мешукуфад...

Дар ҳама полезҳои Меҳани ман
Ханда мекоранд мардум, ханда мекоранд...
Баъд борони муҳаббат мешаванд,
Бо арақҳои ҷабину ашки дида
Бар сари ин кишта меборанд,
То ки рӯяд ишқ, рӯяд ишқ, рӯяд ишқ...

Дар ҳама полезҳои кишвари ман
Он чи мекоранду мечинанд ишқ аст...

Субҳ дар ин ҷо дари меҳру сафо бикшодааст,
Сулҳ оғӯши вафо бикшодааст,
Ҳиммати озодагон дасти сахо бикшодааст...

Осмонаш хаймаҳои роз дорад,
Мурғи хайр андар самояш
Ҷилваи парвоз дорад,
Бод андар ғижжаки ҳар шаршара
Аз муҳаббат соз дорад,
Офтобаш мекунад изҳори ишқ,
Аз тоби он
Санг ҳам овоз дорад...

Дар диёри ман
Ростӣ бо қадди мардон улфат аст,
Шохаи ҳар нахл дасти ҳиммат аст,
Бовар аст ин ҷо асои дасти пирон...

Дар диёри ман
Аз лаби ҳар рӯд мерезад тароват,
Дар лаби ҳар ғунча механдад саодат,
Қомати мардон дарахти бовар аст,

пешина
аз 218
навбатӣ