Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Чун ашк дар нигоҳам, Меҳан, ту мезанӣ барқ,
Аз моваро битобад дунё ба ашки ман ғарқ.

Озодии ту буда перояи суудам,
Дарҳои ҳасрататро во кардам аз вуҷудам.

Захми ҳазорсола дар ҷони ман бинолад,
Дарди ҳазорсола ҷисми маро биполад.

Эй миллати ҳама ашк, эй миллати ҳама ғам,
1 Эй миллати ҳама ишқ, эй миллати ҳама рам.

Рози ҳазорсола дар ҷони ман нуҳуфта,
Дар синаам хазон шуд сад боғи ношукуфта.

Озодии туро ман болои сар барорам,
Чун офтоби тобон дар тори сар бидорам.

Дар шона шаъни Меҳан ман меравам раҳида,
Дар тангно хазида, дар сангно парида.

Дилро зи дил сириштӣ, эй миллати биҳиштӣ!
Дар марзи ормонат оё кунун чӣ киштӣ?!

Чун оби рӯдҳоят аз марзи худ ситезон
Аз хеш мегурезӣ ин гуна рез-резон...

Бигзор бо Зарафшон аз ту зару тило рафт,
Оини родмардӣ аз хуни ту куҷо рафт?!

Бигзор мисли Сайҳун рафтӣ зи хеш афзун,
Аммо муҳаббати ту ҳаргиз нарафт аз хун.

Бигзор мисли Вахшур рафтӣ ту аз Ватан дур,
Аммо нагашт ҳаргиз имони ту зи тан дур.

Дар осмони шаънат Симурғ парфишон аст?!
Ойини родмардӣ дар пайкарат ниҳон аст?!

Дар рӯи даст ҷонам, дар рӯи шона шонам,
Ман охирин фурӯғам, ман вопасин фиғонам...

Рам – ҳарос, гурез, фирор.

пешина
аз 218
навбатӣ