ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
ИСТИҚЛОЛИ МО
Мо туро бо хуни ҷони хештан парвардаем,
Бо нами ашки ниҳони хештан парвардаем.
Мо ба ёди ту ба садҳо ҷабри даврон зистем,
Бо хаёлат дардҳо дар зери дандон зистем.
Ин туӣ, к-аз пайкару пайкори мо рӯидаӣ,
Ин туӣ, к-аз дидаи бедори мо рӯидаӣ.
Ин туӣ рӯида аз таърихи хунини Ватан,
Аз сари сангину аз тамкину аз кини Ватан.
Ин туӣ, к-аз ҳикмати пирони мо рӯидаӣ,
Ин туӣ, к-аз ҷону аз виҷдони мо рӯидаӣ.
Хокат аз хоки вуҷуди рафтагони мо бувад,
Ин Нишонат аз ҳазорон бенишони мо бувад.
Эй ту истиқлоли мо, иқболи мо, иҷлоли мо,
Эй ту шаъни аз шукӯҳу меҳр моломоли мо.
Мо туро дар мағз-мағзи ҷисму ҷон мепарварем,
Мо туро чун устувон дар устухон мепарварем.
Мо ба ёди ту ба сад ҷабру ҷафоҳо зистем,
Як нафас бе ту агар бошем, ҳаргиз нестем.
Ҳамватан! Субҳат ба хайр! Ин субҳи истиқлоли мост,
Ин муҳаббат, ин саодат, ин шараф шаҳболи мост.
НАВРӮЗ МЕДАРОЯД
Рав, ишқро садо кун, Наврӯз медарояд!
Бархезу дасту по кун, Наврӯз медарояд!
Дигар мабош маҷзуб, зан обу хонаро рӯб,
Рав, ғуссаро раҳо кун, Наврӯз медарояд!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё