ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.
Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа
Сухан аз истиқлол, на шиор аст, шиори холӣ,
Ин шиорест, ки ҳар як ҳарфаш
Ҳаст аъмоли накӯву олӣ.
Ин шиоре
На зи лофу зи газофу на зи ҳангомаву шӯр аст,
Ин шиорест, ки ҳар ҳарфи каломаш моем.
Ва дар он ҳар нафаре бар дӯшаш
Бори тақдири Ватан чун мӯр аст.
Сухан аз истиқлол – сухан аз виҷдон аст!
На! Сухан нест, бидон!
Пораҳое зи дил асту ҷигар асту ҷон аст!
Сухан аз истиқлол – сухан аз сохтан аст!
Чу сутунҳо ба бинои меҳан
Қомат афрохтан аст!
Қасрҳое, ки ба худ сохтаем бод обод!
Лек бояст кунун Худамон қасри шуҷоат ва муҳаббат ва садоқат бошем, Худамон қасри ҳунар, пайкари ҳиммат бошем.
Нақбҳоро на фақат аз танаи кӯҳи азим,
Балки аз синаи худ низ расонем ба нур.
Роҳҳоро на фақат аз камари кӯҳи диёр,
Балки аз қалб барорему расонем ба дур,
То куҷо мебарад ин роҳ, ки вораста зи чоҳи таърих, Нест гар дар ману ту шӯълаи виҷдони Ватан?!
То куҷо мебарад ин роҳ, агар ки набарад То сари қуллаи армони Ватан?!
Сухан аз Истиқлол – сухан аз бедорист!

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё