Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Мебахшамат, биё, эй рафта бо ғурур,
Эй рафта бо ситез, бо қаҳр, беибо,
Аз домани бало
Мебахшамат, биё!

Аз банди ғуссаҳо, аз маҳбаси ҷафо,
Аз ҷодаҳои фанд, аз домани фано.
Баргард бармало…
Мебахшамат, биё,
Мебахшамат, биё!
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Ман дар оғӯши хазонрезам, Чун хазон аз хеш мерезам...

Аз дарахти қомати худ Синаафшон дар ҳаво..
Б А Р Г – Б А Р Г
аз хеш мегардам раҳо, Бодҳои тунд бар ман мевазанд, Мекананд аз банд-бандам, Бе ягон шафқат, ба ҳукми нораво Мебарандам, мебарандам...

Оҳ дар дасти хазон афтодаам,
Дар талоши ҷисму ҷон афтодаам,
Аз баландои умеду эътиқод
Бас гарону нозамон афтодаам,

Ман дар оғӯши хазонрезам,
Чун хазон аз хеш мерезам...
Ин хазон монанди ҳазён аст,
Ин ҳазимат ҳасрати ҷон аст...
Бо баҳор аз ман шукуфтан рафт, рафт,
Ишқу шодӣ рафт – махзан рафт, рафт..,
Ҳузнангезам.

Лек ҳар гаҳ мебарояд офтоб,
Мекашад аз рӯй рӯмоли саҳоб,
Ман тилоӣ мешавам,
Дар лобалои дилрабоӣ мешавам...

Лек ҳар гоҳе дар оғӯшам ба меҳр Болафшон мурғакон пар мезананд, Мепарам ҳамболи онон, Аз барои ман ҳамин як он ғанимат, Тобиши ҳар зарраи хуршед андар ҷон ғанимат.

Ман хазонрезам,
Биё, барги тилоямро
Бар сарат резам...

Гарчи ин парвози зебои як они ман,
на осон аст.
Дигаронро
роҳати рӯҳ асту чашмон аст,
Кандани ҷон аст бар ман,
Кандани ҷон аст...

Ман ҳамоғӯши хазонрезам, То дар ин тасвир рӯҳи бекарон резам, Аз нигаҳ, аз чеҳра, аз дил, аз нафасҳоям хазон резам, Барг-барг аз хеш ҷон резам, Ҷон резам...
11.03.2017.

пешина
аз 218
навбатӣ