Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

ИШҚ ЧИСТ?

Агар чун гул битобад пеши чашмат хор – ин ишқ аст,
Ту хобиву дилу ҷонат бувад бедор – ин ишқ аст.

Ҳама тақдири олам гӯиё дар рӯи дасти туст,
Ҷаҳон дар рӯи дастат тифлаки бедор – ин ишқ аст.

Муҳаббат дар ту нахли себи сар то по шукуфон аст,
Бирезад вожа аз лабҳот шаккарбор – ин ишқ аст.

Агар чашмони ту чун чашма аз дидор шодоб аст,
Бирезад қатра аз чашми ту гавҳарбор – ин ишқ аст.

Агар бинӣ, намебинӣ ба ғайр аз ӯ, қудумашро
Ба рӯи дасту чашму тори сар бардор – ин ишқ аст.

Агар дидӣ чу садбарге шукуфт аз шарм рӯи ёр,
Ҳаёро парда кун, бар рӯи худ бардор – ин ишқ аст.

Чароғак мезанад ногаҳ вуҷуд аз озарахши васл,
Ба ногаҳ аз нигоҳе мешавӣ ҳушёр – ин ишқ аст.

Ҷасорат бо ту, ҳиммат бо ту, нерӯи худо бо ту,
Замину осмонат бо ту бошад ёр – ин ишқ аст.

ОН ЧӢ МОРО МЕБАРАД БОЛО

Он чӣ моро мебарад боло, ҳамин ишқ аст,
Он чӣ меафтонадат аз по, ҳамин ишқ аст.

Он чӣ мебахшад ба мо маъно, ҳамин ишқ аст,
Он чӣ бемаънист дар дунё, ҳамин ишқ аст.

Он чӣ бар ту медиҳад неру ҳамин ишқ аст,
Он чӣ неру мебарад аз ту ҳамин ишқ аст.

пешина
аз 218
навбатӣ