Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Дар ман, ки парандаест, пар гум кардаст,
Дар ман, ки фариштаест, фар гум кардаст.
Дар ман, ки мусофире расида ба ватан,
Ҳайҳот, вале, хонаву дар гум кардаст.

Вақти ту намерасад, чу соат дорӣ,
Ҳар лаҳза ба соатат итоат дорӣ,
Вақт аз ту гузашт.., пас чӣ суд аз соат,
Шав соатӣ худ, агар асолат дорӣ.

Ӯ кист, ки интизор дар пушти дар аст?
Дилхоста он нигор дар пушти дар аст,
Дар баста, калиди қулфи дар бишкаста,
Мифтоҳ бишав, ки ёр дар пушти дар аст.
ИШҚРО БОЯД САДО КАРД

ИШҚРО БОЯД САДО КАРД

Ишқро бояд садо кард!
Ишқро бояд чароғи раҳнамо кард!
Ишқро бояд сутуни хонаҳо кард!
Ишқро бояд ҳаво кард!

Варна дил – ин ширмоҳии наҳиф Дар канори мурдаоби синаи абгор маргро пайғом хоҳад бурд.

Варна рӯҳ –ин паршикаста мурғаки ночор
Андаруни ин қафас – ин пайкари бемор
Заҳри ғам бар ком хоҳад бурд.

Ишқро бояд садо кард!
Ин ягона хайрхоҳу некбину ҳақшиносу хушнафас
Метавонад вораҳонад:
Моҳиёнро аз дами мурдоб,
Мурғаконро аз қафас...

Ишқ, баргард!
Ишқ, баргард!
Ман тазарро мекунам
аз моварои шишаҳои ашк,
Аз варои симбанди чини пешонӣ...

Эй булӯрин дасти некӣ!
Атрафшон дасти хайр!
Эй дуруди поки дастони пурэҳсони Худо!

пешина
аз 218
навбатӣ