Зеҳн
ДАР ОҒӮШИ ХАЗОНРЕЗ

Камол Насрулло яке аз шоирони эътирофшудаи адабиёти муосири мост, ки дар бунёди шеъри навини тоҷик саҳми боризи худро гузоштааст.

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 218 саҳифа

Шеър
Аз аввал хондан

Бо ман будӣ, чаро намурдам пешат!?
Ҷон баҳри фидо чаро набурдам пешат!?
Ҳоло, ки надорад арзиш ин ҷони ҳақир,
Бемояву бепояву хурдам пешат.

Он гаҳ ки бидидиям, надидӣ, афсӯс.
Гулҳо чидӣ, диле начидӣ, афсӯс.
Гул рехту дил рехт, гузаштӣ ба шитоб,
Он гаҳ ки расидӣ, нарасидӣ, афсӯс.

Эй ҳасти ту нест, гӯ маро, ҳастӣ чист?
Болои ҷаҳон куҷо бувад, пастӣ чист?
Ҳар кас ки зи ҷоми чашми ӯ нӯш накард,
Билло, ки надонад, ба чаҳон мастӣ чист.

Ин ханда ба лабҳои ту зебанда бувад,
Пайғоми Худост ҳар куҷо ханда бувад..
Хуршеди дурахшон ба сари хони шафақ
Чун себи зи шохаи само канда бувад.

Манзилгаҳи ишқ хонаи имон аст,
Ишқ амри Худост, ҳиммати виҷдон аст,
Фарёди хамӯшист, на ин ҳарфи даҳан,
Ишқ аз сари ҷон гузаштани инсон аст.

Бояд ба ҳама ба ҳадди дил маъво дод,
Андозаи ишқ баҳри ошиқ ҷо дод,
Андозаи ишқ чист, чун ҳар ошиқ,
Дунёст, бубоядаш ба ӯ дунё дод.

Эй дӯст, нафас ба сурати серун ор,
Он андаки худ ба ҳиммати афзун ор.
Ҳар вожа, ки бар хони адаб мемонӣ,
Чун нон бипаз, аз танӯри дил берун ор.

пешина
аз 218
навбатӣ