БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Шумо ҳоло Носирхитойро намедонед, бо собуни вай ҷома нашустаед, илматон камӣ кардааст, боз илм омӯзед, ҳазрати домулло, – Носирхитой домулло Мирзоро мазаммат мекард. Баъд Носирхитой эшони Тошбойи пирашро наздаш даъват кард.
– Мешиносед эшони Тошбойро ё намешиносед? – Ба ҳозирон муроҷиат кард Носирхитой. Вале касе чизе намегуфт, сари ҳама хам, гӯё ҳама ба муроқаба рафта буданд.
– Шунидед ман чӣ гуфтам? – Такрор намуд Носирхитой ва даст ба китфи эшони Тошбой гузошта бо қатъият гуфт: – Аз пагоҳ эшони Тошбой пешвои шумо, имомхатиби масҷид, пагоҳ ҳамаатон ҳамин ҷо ҷамъ мешавед. Фаҳмидед, аз пагоҳ имомхатиб кӣ? – Боз аз ҳозирон суол кард Носирхитой. – Ё ҳастанд касоне, ки не, имоматии эшони Тошбойро намехоҳем, гӯянд, – мепурсид ӯ ва гӯё гап мекофт. Вале боз ҳама хомӯш, касеро ҷуръати сухангӯӣ набуд, аз ҳарос забон кушода наметавонистанд. Дар масҷид вақти намози шом вазъи нохуш, вазъи тарсу ҳароси аз ҳад зиёд ба амал омада буд. Йигитҳои Носирхитой назди дарҳои масҷид истода буданд. Мили камонҳояшон ба сӯи намозхонҳо, маҳтали ишораи Носирхитой, бо амри ӯ онҳо бояд тир кушоянд. Дарҳои масҷид руст. Дари хонаи Худоро ба рӯи бандагон баста буданд. Онҳоро гӯё туфангдорон тирборон мекарданд.
Носирхитой ба ҷои эшони домулло Мирзо эшони Тошбойро эмомхатиб гузошта баъд аз пайи Ҳоҷимаҳмуд афтоданӣ буд.
Ҳоҷимаҳмуд аз миёни намозхонҳо аз ҳама аввал аз дари масҷид берун шуд, ба Носирхитой ҳарфе нагуфта

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё