БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

саросема ба хонааш баргашт, ба хидматгорҳо фармуд,
аспи зоти арабии сиёҳмушкинашро аз зери собот ба берун оранд, зину абзол зананд. Худаш, ба гуфтае ки либосҳои ҷангиашро ба бар карда шамшеру камон гирифт, чи хеле мегӯянд, чорафзол шуду пой ба ӯзангуи
асп монд, лаҷомро кашида рӯ ба масҷид – рӯ ба мазори
Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф оят хонд, кушоиши кор
орзу намуд ва баъд ба сағрии асп қамчин андохт. Вай
банди андешаҳои ба хаёлаш бесарунӯк аз деҳа мебаромад. Вай боз садди роҳи Носирхитой шуданӣ.
Носирхитой он шаб, баъди гуфтугузораш бо намозхонҳо, мардуми деҳаи Нилкон ба хонаи эшони Тошбой
омад. Ба хонаи пираш дасти холӣ наомада, гӯсфанд ва
як ҷувол биринҷу равған оварда буд. Гӯсфандро кушта
дар як деги маъракагӣ ош пухтанд. Хонаҳои эшон ва
рӯи ҳавлиаш пури меҳмон. Ҳаёҳӯй доштанд. Овозашон
баланд, инчунин миёни ҳавлӣ гулхан афрӯхта буданд.
Ҷавононе, ки саллаҳои калон-калон дар сар доштанд,
гирди гулхан мерақсиданд.
Носирхитой дар хонаи пираш шабашро саҳар карда,
пагоҳӣ дар масҷид аз пасаш намоз хонда, чашми душманонро мош барин аз сарашон бароварда андаке таскин ёфта, баъд ба хонаи Ҳоҷимаҳмуд омада, дастонашро ба пушт баста ӯро аз хонааш, аз назди зану фарзандонаш бароварда, баъд ба сараш об рехтанӣ буд.
Вақти зиёфат, андаке дам гирифта осудан ба хаёли
Носирхитой душманаш Ҳоҷимаҳмуд омад. Табъаш хира гашт.
– Ош хӯред, ҳазрати мир, – эшони Тошбой ба номи
Носирхитой амали мирӣ илова намуда вайро шод гардонда давом намуд.
– Ё оша нағз напухтааст янгаатон? Писандатон наафтод?

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё