Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Не, пирам, оши хуб пухтаанд, дилам намекашад, –
ва пас аз чанд лаҳза илова намуд: – Ҳоҷимаҳмуд саросема буд, тез аз масҷид баромад.
– Эшони домулло Мирзо хафа шуд, – гуфт мулло
Тошбой.
– Даҳон мекушоду рӯзаша медид.
– Фаҳмид, тарсид.
– Дигар аз гулӯям ҳеҷ чиз намегузарад, – ва илова
намуд Носирхитой. – Ҳоҷиро ҳозир, ҳамин ҳозир овардан лозим, – Носирхитой дасту панҷаҳои равғанолудашро бо сачоқ пок мекард.
– Ҳамин ҷо, ба ҳавлии мо мебиёред? – Эшони Тошбой бо ҳарос пурсон гашт.
– Бердиқул, оҳой Бердиқул, – Носирхитой як сардори дастаашро ҷеғ зад.
– Лаббай, – гӯён марди миёнсоли серрише, ки сари
рухсораҳояш аз мӯй наметофтанд, дастҳо пеши бар аз
дар даромад.
– Хонаи Ҳоҷимаҳмуд рав, бачаҳоят қатӣ, ҳамаатон.
Хонаи Ҳоҷиро медонетон, ба ту нишон дода будам. Ё
аз хотират баромад?
– Не, ака, медонам.
– Дастҳояшро ба пушт баста, пешандоз карда биёретон.
– Хуб шудааст, ака, – Бердиқул назди Носирхитой
таъзим карда пайи адои фармони ӯ ақибнокӣ аз дар баромад.
– Ҳазрати мир, – хушомадгӯёна боз давом намуд
эшони Тошбой, – додари ҷонам, шумо чӣ гуфтед?
– Ҳоҷимаҳмуди ҷӯраатонро ҳамин ҷо, ба хонаи шумо биоранд гуфтам.
– Мекушед?
– Худо хоҳад.

пешина
аз 182
навбатӣ