Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Ҳамин ҷо, дар болои дӯкони банда?
– Агар аҷалаш расида бошад, ҳамин хел мекунем.
Мефармоям пеши пойҳои шумо афтад, афтаду боз хезад, зорӣ кунад, ба тавалло дарояд… Агар душманатонро дар ҳамин ҳол бинед, магар Шумо хурсанд намешавед?..
– Не, не, додарам, ин хел накунед, вайро хонаи мо набиёред.
– Метарсед? – Носирхитой пас аз лаҳзае хомӯш истодан хотири эшони Тошбойро осуда намудан хост: – ҷои тарс намемонад, мо вайро мекушем. Дигар ба шумо ҳеҷ кас кордор шуда наметавонад. Чӣ, Шумо аз мурдааш ҳам меҳаросед?
– Медонам, ҳазрати мири музаффар, вайро шумо мекушед, лекин баъд ман дар бало мемонам, хундор мешавам. Ин халқи Нилкон ҳамааш ба сарам мехезанд.
Дигар зиндагӣ кардан намемонанд. Ҳамин рӯз пагоҳӣ дар намози бомдод ҳама ба сарам хестанд. «Куҳрии паси маърака мешавӣ» гуфтанд. Баъд вай эшони домулло Мирзо ҳамаро ба сарам мехезонад, қиёмат мешавад. Аз Ҳоҷимаҳмуд дида эшони домулло Мирзо хавфнок, мардум ба гапи вай медароянд. Аввал гӯед ҳамин одамро кушанд.
– Ин хел нагӯед, пирам. Эшони домулло Мирзоро ҳеҷ кас кушта наметавонад. Магар шумо намедонед?
– Ҳоҷимаҳмуд зӯр аст.
– Эшони домулло Мирзоро ба Ҳоҷимаҳмуд баробар накунед. Эшони домулло Мирзо олим, шайх, ин одам авлиёст, ба авлиёҳо кӣ сарбасар мешавад? Дуо кунад тухму тараамон қир мешавад. Мо мардуми авом метарсем. Дар ҳама ҷо муридонаш, вай пири ҳама. Қавми лақаю марқая сари кӯдакашон дард кунад, эшони домулло мегӯянд. Ба Худо сари як мӯяш кам шавад, ҳамаашон мехезанд.

пешина
аз 182
навбатӣ