Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Дар масҷид гӯё маъракае буд. Хело ва хело серодам. Йигитҳои Носирхитой дар саҳни масҷид. Пас-паси деворҳо, аз назди чӯббандии масҷид қадам мезаданд. Худи Носирхитой дар пешайвон. Дар сар салла, дар китф камон, дастҳо дар миён ин сӯ – он сӯ қадам мезад. Нописандона ба ҷониби мардум назар меандохт. Ҳамаи ин худнамоиҳои ӯ аз барои ду-се нафар. Ҳоҷимаҳмуд ва эшони домулло Мирзоро душман ҳисобида ӯ. Назди онҳо худнамоӣ дошт, фукаш ба осмон.
Баъди намози шомро хондан Носирхитой ба чанд нафар наздиконаш, ки паҳлӯи ӯ саф гирифта буданд, фармоиш дод, ки дарҳои масҷидро бубанданд. Намозхонҳоро нигоҳ дошт ӯ.
– Пирам, эшони домулло Мирзо, – Носирхитой ба имомхатиб муроҷиат кард: – ба шумо гап дорам.
– Марҳамат, гап занед, – овози домулло Мирзоро шунид Носирхитой.
– Аҷаб не, банда сураҳои намозамро намедонам, – суханҳои дар намози пагоҳ ба забон овардаи эшони домулло Мирзоро айнан такрор кард ва бо овози баландтар давом намуд: – Лекин фармоиш медиҳам Шумо, ҳазрати эшон ва ҳамаи мардуми Нилкон ба ман гӯш медиҳед, илоҷ надоред. Ман калтаю кӯтоҳи гапро мегӯям, гӯш диҳед, эшонҳо, ман Носирхитой, фарзанди Шамшодбои Қалуғ, ман ҳамин хел одам, касе ба гапам гӯш надиҳад, овоз барорад, мекушам. Шумо, эшони домулло Мирзо, – боз ба имомхатиб муроҷиат кард, – ба гапам гӯш диҳед. – Шумо ҳарчанд ба олам машҳур ҳастед, шуморо дар тамоми мамлакат медонанд, лекин ман ба шумо мегӯям. Шумо дигар имомхатиб намешавед, аз ин вазифа озод мешавед. Албатта, бо ҳамин аз имомхатибӣ озод шудан, шумо халос намеёбед, боз гап мезанем, шояд ба масҷид дигар қадам намемонед, садқаи илматон шавам.

пешина
аз 182
навбатӣ