Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

– Хайр, агар корат зарур, таъҷилӣ бошад, мешинем.
Аҳволат чӣ хел? Хело вақт боз наменамудӣ, ягон ҷо
рафта будӣ? – Ҳоҷимаҳмуд бо «меҳмонаш» дар сӯҳбат
шуд.
– Мо фидоӣ, фидоии роҳи ислом, кофирон, носипосонро сар мебурем, мекушем, онҳоро қир мекунем, –
Носирхитой чашми Ҳоҷимаҳмудро тарсонданӣ буд.
– Чӣ гап доштӣ? – Ҳоҷимаҳмуд ба гуфтаҳои Носирхитой эътибор надода аз ӯ суол кард.
– Зан гирифтаниам.
– Ба ман чаро ин гапро мегӯӣ?
– Вай занак хешовандони худат, пешдаро шав мегӯям.
– Хеши ман? Кӣ будааст вай занак?
– Зани амакат, зани эшони Ҳалим.
– Кадом занашон?
– Аёли душанбегии эшонро мегӯям. Хело хушрӯ, соз
будааст.
– Дидӣ?
– Нишон доданд.
– Кӣ?
– Инашро ба ту намегӯям.
– Носирхитой, агар бо ҳамин ният омада бошӣ, ки ба
зангирии ту миёнрав мешавам, аз Нилкон барои ту зан
гирифта медиҳам, хато мекунӣ. Ту маро кӣ хаёл кардӣ?
– Зани амакатро ба ман тӯй карда медиҳӣ.
– Гап аз як зани амаки ман намеравад, Носирхитой.
То ҳине, ки ман зинда бошам, аз қишлоқи Нилкон ту
зан гирифта наметавонӣ. Зан барои мо нангу номусамон аст. Барои нангу номус мо ҳама мемирем. Лозим
биояд, корду камон мегирем.
– Муҳобот мекунӣ, Ҳоҷимаҳмуд. Аз номи тамоми
аҳли қишлоқат гап назан. Бисёрии онҳо хоки пои моро

пешина
аз 182
навбатӣ