БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Хидматгор назди Носирхитой сукут ихтиёр карда буд.
Носирхитой ба хаёл афтода буд. Ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд надаромада баргардад? Ба ҳамроҳонаш чӣ мегӯяд? Гӯяд, ки Ҳоҷимаҳмуд наздаш набаромад? Писанд накард? Шояд бипурсандаш: хайр, баъд Носирхитой дар ҷавоби нописандии Ҳоҷимаҳмуд чӣ амале раво дид? Носирхитой дар ҳоли ногувор ва ноҳинҷоре монда буд. Илоҷе намонда.
– Пеш даро, роҳ нишон те, – Носирхитой бо оташинӣ аз паси хидматгор қадам монд. Гӯё ниқорашро аз замин меситонд, ки гурс-гурс қадам мемонд. Бо ҳамин ҳол Носирхитой ба боломанзар баромад. Мӯзаҳояшро накашида вориди меҳмонхона гашт. Ҳоҷимаҳмуд ҳанӯз аз назди дарича дур нарафта рӯ ба боми масҷид меистод.
– Ҳоҷӣ, салом, – Носирхитой бо ситеза дарро бо мушт мезад.
– Салом, – ҷониби меҳмонаш омад Ҳоҷимаҳмуд.
– Маслиҳат доштам ба худат, Ҳоҷӣ.
– Марҳамат шин. Ё аввал масҷид рафта намоз гузорем, баъд хона биоем, аср қазо мешавад, – Ҳоҷимаҳмуд меҳмонро ҷазман ба нишастан таклиф накарда ба масҷид равон шуданӣ буд.
– Фурсат надорам, – Носирхитой мӯзаҳояшро накашида болои кӯрпача гузашт, ба хоҳиши соҳиби хона эътибор надода нишаст. – Болои дӯконат омадем. Саломамонро алайк гир, – нописандона пойҳояшро дароз кард.
Ҳоҷимаҳмуд ноилоҷ монда буд, меҳмонашро гузошта аз меҳмонхона берун шуда наметавонист. Аз роҳаш баргашт, болотар аз меҳмон, дар муқобили ӯ, рӯ ба рӯяш аз тарафи дигари хона болои кӯрпача чорзону зад.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё