Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

мелесанд, ҷониби моанд. Моро «бачаҳои худамон»
мегӯянд.
– Шумо ҳеҷ гоҳ барои мо худӣ намешавед. Гуфтамку, ман ҳоло зиндаам. Нангу номус дорем. То зиндаам қишлоқро ҳимоят карда метавонам. Як ту намешиносӣ маро. Худи ҳазрати Мир – Иброҳимбек медонанд маро.
Ҳамин ҳозиракак ҳазрати Раҳмондодхоҳ аз хонаам рафта буданд. Ту дигар ба деҳаи мо намедароӣ.
Носирхитой ва Ҳоҷимаҳмуд рӯ ба рӯи ҳамдигар аз ҷой бархостанд. Аз масҷид овози муаззин ба гӯш меомад, азон мегуфт, азони намози аср, мардумро ба намоз мехонд. Вақти намоз мегузашт. Вале акнун ба хаёли Ҳоҷимаҳмуд намоз намерасид. Носирхитой пеши пайкари паҳлавононаи Ҳоҷимаҳмуд нокироӣ менамуд.
Қадаш аз ӯ хело паст. Носирхитой таҳқир шуда буд.
Ҳоҷимаҳмуд гапашро нагирифт, писанд накард. Айби худи ӯ. Бо ин марди дағалу қайсар, бо як паҳлавони ман мегуфтагӣ, бо забони ширину нарм ба гап даромад.
Носирхитой қадри худашро надонист. Вагарна Ҳоҷимаҳмуд кию Носирхитой кӣ? Ҳоҷимаҳмуд ҳазор зӯру ҷаҳондида, номдор ҳам ки бошад, як нафар. Дар ихтиёри Носирхитой як дастаи тавонои йигитҳои яккачин. Ҳама камондор, ҳама мусаллаҳ. Ҳар рӯз хонаҳо, деҳаҳоро ғорат мекунанд. Одам мекушанд, аз ҳамаи гуруҳҳои босмачиёни Иброҳимбек йигитҳои Носирхитой бераҳманд, барои аз ҳад зиёд беинсофу хунхор буданашон ба охири номи Носир калимаи хитойро ҳамроҳ кардаанд. Шояд калимаи «хитой» дар ақидаи мардум бераҳмии гӯшношунидро ифодагар аст.
– Ҳоҷӣ, ба худ биё, аз ҳад нагузарон, алафатро паст чар, – Носирхитой кӣ будани худашро гӯё акнун сарфаҳм мерафт.

пешина
аз 182
навбатӣ