Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Оре, он дузд ҳамин хел давру давроне дошт, дузде, ки соҳиби молро баста. Аммо бо пайдо шудани Ҳоҷимаҳмуд дар деҳа, айшаш талх шуд.
Ҳоҷимаҳмуд ӯро вақти гови ҳамсояро дуздидан дастгир кард, назди аҳли деҳа шармсораш намуд, тавба дод.
Вай ба Ҳоҷимаҳмуд аз ҳамон рӯз ғузнадор аст. Ҳоло ҷояш омада, Худо хоҳад, тавассути Носирхитойи бизан ва йигитҳои ӯ аз Ҳоҷимаҳмуд ниқор меситонад, вайро мекушонад, дилаш боғ-боғ кушода мегардад.
Марди дувумӣ як ҳамсояи деворбадевораш, ӯ бо Ҳоҷимаҳмуд ким – кайҳо боз носоз, чашми дидан надорад, лек дар муқобили вай ноилоҷ, оҷиз.
– Кӣ будааст вай? Забон нахоед, номашро гӯед. – Тоқати Носирхитой намонда буд.
– Ҳоҷимаҳмуд, – аз ҳарос овози дузд пасттар гашт.
– Ҳоҷимаҳмуд?
– Ҳа.
– Ҳозир ҷеғ занед, гӯед наздам биояд, ё ҳамроҳатон йигитҳоро фиристам?
– Ин тавр накунед, вайро хонаи ман наоред, шумо мераведу ман ба бало мемонам. Хонаамонро месӯзад, ҳамаамонро мекушад, метавонад, – ба ҳарос афтид ҳамсояаш.
– Ҳамин қадар аз вай метарсед?
– Ҷоҳил аст, ваҳшӣ, камон дорад, мепаронад.
– Воҳима накунед, вай маро мешиносад, баъд Ҳоҷимаҳмуд ба ин зан чӣ муносибат дорад?
– Эшони Ҳалим хешаш, ин занак янгааш, гапу ҳарфи вай дар даҳони Ҳоҷимаҳмуд.

пешина
аз 182
навбатӣ