БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Носирхитой лаҳзае хомӯш монд. Ба хаёли душманони Ҳоҷимаҳмуд, ки ӯ ҳам номи вайро шунида ба андеша афтода. Аз обрӯ, эътибори Ҳоҷимаҳмуд дар миёни мардум ва аз зӯрию тавоноии ин марди нексиришт Носирхитой огоҳ аст. Дузди Намозро маҳз Ҳоҷимаҳмуд дошт, чи хеле мегӯянд, адабашро дод, ба тавбааш расонд. Ҳоҷимаҳмудро Иброҳимбеку Раҳмондодхоҳ ҳам мешиносанд.
– Ба фикр ғалтидед, ака? Ба хаёли мо шумо илоҷи вайро меёбед, бачаҳоятон бисёранд, ба Худо аз шумо дар деҳаи мо ҳама меҳаросад, – ҳамсояи Ҳоҷимаҳмуд маккорона ба оташи ғазаби Носирхитой равған пошидан мехост. – Вай, Ҳоҷимаҳмуд, дар ҳаққи шумо ҳам дар маъракаҳо нописандона ҳар хел гапҳо мегӯяд, мо, ака, худамон шунидем, вай ҳеҷ касро писанд намекунад.
– Худам бо Ҳоҷимаҳмуд гапзанон мекунам. Хоҳад нахоҳад, ин занака мегирам, вай азони худам, моли худам мешавад, вайро агар Ҳоҷимаҳмуд гӯянд, мана Носирхитой мегӯянд. – Камонашро Носирхитой аз сари мех гирифта ба китф овехт, аз назди ҳозирон берун шуд.
– Худатон танҳо меравед? Бачаҳо (силоҳдорони зердасташро дар назар доштанд) қатӣ намеравед? – Яке пурсид аз Носирхитой.
– Танҳо ба танҳо бо вай гап мезанам, мард бо мард, мебинем. – Носирхитойро ҳамроҳонаш ва душманони Ҳоҷимаҳмуд то дами дарвоза гусел карданд.
Ҳар ду табақаи дарвозаи калони ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд он бегоҳирӯзӣ кушода буд. Гову молҳоро хидматгорон аз сари пода гардонда ба ҳавлӣ ҳай мекарданд. Чанд нафар наздикони хонаводаи Ҳоҷимаҳмуд миёни ҳавлӣ меистоданд, андаке пеш аъзоёни кадом як дастаи босмачиёнро, ки бо Ҳоҷимаҳмуд сӯҳбат доштанд, гуселонда буданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё