БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Носирхитой шайдои ҳусну ҷамоли зани раҳматии эшони Ҳалим мешавад. Мавриде омада, ки душманони Ҳоҷимаҳмуд ба мақсади нопокашон бирасанд. Қарибе шер дар ҷелашон дармонда, ботинан аз ин роҳи ёфтаашон шодмон буданд.
– Ҳамин шаб иҷоб мекунем, аз ҳамин шаб дер намемонем. – Носирхитой баъди ҳамон рӯзи дидани зани эшони Ҳалим ҳар чи зудтар ба висоли ӯ расидан мехост.
– Як мамониат ҳаст, ҳазрати қумандон, мамониати сахт. Ин ҷонибаш ба худатон ҳавола. Худатон ҳал кунед, аз дасти мо намеояд, – барои душманони Ҳоҷимаҳмуд гӯё акнун ҷои арзи ҳолу гапу ҳарф омада буд.
– Чӣ мушкилӣ будааст? Ё дар ҳамин Нилкон одаме ёфт мешавад, ки пеши роҳи маро гирифта тавонад. Намедонанд? Наметарсанд эшонҳо? Ҷонашон чандто? Мо ҳарчи хоҳем, мекунем! – Димоғи Носирхитой сӯхта буд, оташин гашт.
– Ҳамин хел одам ҳаст, вайро медонед, – ду марди номард, сари дастурхони хеш бозори қатли Ҳоҷимаҳмудро тез мекарданд. Он ду нафар яке дузд буд, ки солҳои сол молу амволи аҳли деҳаро ба ғорат мебурд, касе ҳад надошт, ки дар деҳа вайро дузд бигӯяд, ё ба рӯяш назар андозад, роҳат дошт, чи хеле гӯянд, худаш шоҳу табъаш вазир. Агар мехост гову гӯсфандони ҳамсояҳоро ҳай карда ба ҳавлиаш медаровард ва баъд канӣ касе, ки моли мо ҳамин ҷо бошад гуфта дари ҳавлӣ ё дари оғили вайро кушояд. На, ин хел мард дар деҳа нарӯида буд, тамоми мардуми Нилкон дар ғайбаш гап мезаданд, аз ҷабру ҷафои ӯ менолиданд, ба қадаш садҳо дангал мебуриданд, дашном медоданд, мегуфтанд, ки радди маърака карда шавад, лекин чун ӯро медиданд, ба таърифу тавсифаш медаромадаанд, дуқату сеқат шуда наздаш таъзим мекарданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё