Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Мегуфтаанд, ки урусҳо дину шариатро барҳам зада, фарзандони мусулмонро, аз тифли гаҳвора то пирони барҷомонда, мекуштаанд, аз синаҳои занҳо сим мегузарондаанд, чашму даҳони одамонро медӯхтаанд. Ва урусҳо аҷоиб махлуқе буда, шох доштаанд, чашми баъзеашон дар пешона.
Мардум аз онҳо мегурехтаанд. Русҳо ба деҳаҳо даромада ҷинси одамиро намеёфтаанд. Деҳаҳо холӣ, мардум молу амволашонро гузошта ҷонашонро гирифта мегурехтаанд. Душанберо гирифта будаанд. Аҳли деҳаи Нилкон ҳам омад-омади урусҳоро аз забони одамони иғвомеандохта шунида рӯ ба гурез овардаанд.
Ҳама ба ҷониби куҳҳои Мағмуруду Қандӣ рафтаанд.
Беморони рӯи ҷойро ҳам бардошта ба куҳ мебаромадаанд. Бесарусомонӣ, парешонӣ ва рӯзи қиёмате. Дод аз дасти урус мегуфтаанд.
Мутаассифона, ҳамин хел ҳолат, гурезогурез дар рӯзҳои мо, дар солҳои баъди навадуми асри XX аз нав дар деҳа такрор ёфт. Боз мардуми деҳа – хурду калон, пиру ҷавон аз деҳа рӯ ба гурез оварда буданд, боз дар куҳҳои Мағмуруду Қандӣ панаҳ мебурданд. Аммо ин дафъа мисли падару бобоёнашон аз ҳароси омад-омади русҳо намегурехтанд. Ин дафъа онҳоро ҳамзабонони худашон таъқиб мекарданд, тоҷик аз тарси тоҷик – ҳамзабонаш мегурехт. Дар давоми солҳои ҳамроҳи русҳо будан тоҷикон бо онҳо дӯст, бародар гашта. Дар рӯзҳои сахт, дар рӯзҳои ҷанги бародаркушӣ тоҷикон ба кишварҳои рус мерафтанд, русҳо ба онҳо мададгор, русҳо ба тоҷикон паноҳгоҳ медоданд.
Замоне дар деҳаи Нилкон танҳо як нафар забони русиро медонист, ҳамон Ҳоҷимаҳмуди номдор, дунёдида.
Ӯ дар вақташ ба чанд нафар амалдорони замони подшоҳӣ ба ақидаи худаш боз амал-унвонҳо дода буд.

пешина
аз 182
навбатӣ