БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Мирохурро «Х..й Мирохур», тӯқсаборо «П..да Тӯқсабо»
мегуфт. Соҳибони унвони мирохур ва тӯқсабо аз унвони нави ба онҳо додаи Ҳоҷимаҳмуд бениҳоят шод мегаштанд, «Ҳоҷӣ ба мо чунин амалҳо додаанд» гӯён ифтихор мекарданд. Дар деҳа мазмуни ин калимаҳои носазоро танҳо худи Ҳоҷимаҳмуд медонист. Замоне мардуми деҳа аз маънии ин калимаҳо бохабар гаштанд, ки на мирохур монда буду на туқсабо.
Ҳоҷимаҳмуд ва падарам эшони домулло Мирзо хешовандони наздик – холабача буданд. Қиблагоҳи падарамро эшони Амирҳайдар мегуфтаанд. Заминдор, гову моли зиёде доштаанд. Серфарзанд. Мехостаанд, ки ҳамаи фарзандонашон аҳли меҳнат бошанд, гову гӯсфандонро бонӣ кунанд, ба киштукор, ба боғдорӣ, ба заминдорӣ машғул шаванд. Аммо дар дили падари банда Худованд аз хурдӣ меҳри хонданро ҷой кунонда.
Аввал дар деҳа, дар мактаби Моҳи Мулло хондаанд.
Баъд баҳри таҳсил ба Файзобод ва Ҳисор рафтаанд, зеҳни тез доштаанд, назди кадом муллое, ки мехонданд, сабақ мегирифтанд, устод аз эшон розӣ, дӯсташон медоштаанд.
«... вақти тӯлгирӣ аст, бачаҳо, ҳушёр бошед, эҳтиёт шавед, барраҳо талаф наёбанд... ана бинед, баҳор омада, мо кай ба кишт сар мекунем?.. гандум ба дарав омада, нони даҳонамон аст гандум... ангур дар боғ ночинда монд, айни майиззанӣ, ширинӣ мепазед, ширинӣ. Ширинӣ мазаи даҳон, дар хунукӣ дорӯ... дар зимистон гову молҳо бенигоҳубин намонанд». – Аз рӯи гуфтаҳои падар дар хонадон ягон лаҳза вақти бекорӣ намеёфтанд.
Падар сарвари хонадон, сарвари молу ҳол, сарвари ҳама. Ҳамеша кор мефармуданду кор мегуфтанд. Гоҳе

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё