БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Дар дилҳо аз ӯ сардӣ омада.
Мегӯянд, ки аз ҷониби амир Олимхон нисбати руҳи поки Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатифи авлиё беҳурматӣ, беодобӣ зуҳур шуда. Устод Садриддин Айнӣ дар романи машҳурашон «Дохунда» овардаанд, ки Саъдулло кӯкнории роҳатичиро дар болои деҳаи Мавлоно дастаи босмачиёни Иброҳимбек буз кашидаанд. Ҷасадашро Абдурашидбӣ аз майдон бурун оварда соҳиби зани ӯ гашта. Дар ҳақиқат чунин воқеаи мудҳиш ба амал омада будааст. Ин ҳодиса ба сафари амир ба деҳаи Нилкон алоқаманд буда.
Ҳамон рӯзи ба деҳаи Нилкон омадани амир Олимхон Саъдулло кукнорӣ ҳам аспакӣ вориди масҷид гаштани амирро дидааст. Хомӯш наистодааст, дар ҳаққи ӯ суханҳои носазо ба забон овардааст. Гуфтааст, ки амир Олимхон ба номи шоҳаншоҳӣ иснод овардааст, шариати исломро хор кардааст. Ӯ арвоҳзада шуда. Хабарчинҳои амир шунидаанд, аз хотир набаровардаанд, баъдтар тавассути Иброҳимбек дар ҳаққаш ҷазо раво дидаанд.
Аз тақдири минбаъдаи завҷаи Саъдулло кукнорӣ, ки Абдурашидбӣ дар бузкашӣ соҳиби вай гашта буд, огоҳӣ ёфтам. Дар Кӯктош – ҳозира шаҳраки Сомониёни ноҳияи Рӯдакӣ мезистааст. Мегуфтанд, ки духтаре аз ӯ монда.
Баъди сафари бебозгашти амир Олимхон ба Афғонистон зиндагии аҳли деҳаи мо, ба мисли кулли собиқ қаламрави ӯ ноором, ноосуда, пурфоҷиа шуда.
Дар деҳа хабари урусомад паҳн шуда, хабарҳои нохуш, ваҳмовар. Одамоне пайдо шуда, ки деҳа ба деҳа гашта, «Во дино! Во шариато!!!» гӯён фиғон меандохтаанд, фарёд мезадаанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё