Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз шаб посе гузашта, мардуми деҳа ҳама хоб. Аҳли хонаводаи Ҳоҷимаҳмуд ҳам. Ана дар ҳамон лаҳзаҳои ҳама хоб будан дарвозаи ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд бо дастаи қамчин сахт ва хело сахт кӯфта шуд. Аз ҳама аввал хидматгорҳо тарсида аз хоб бедор шуда, тарафи дарвоза давиданд. Дар паси дарвоза эшони Абдулвоҳиди чормағзакиро диданд. Ҳазрати эшон ба онҳо ошно. Яке аз меҳмонони иззатманди хонадони Ҳоҷимаҳмуд, гоҳгоҳе ба даргоҳи вай ташриф меовард. Ҳоло эшони Абдулвоҳид бетаклиф, дар бевақтии шаб омада.
– Марҳамат, ҳазрати эшон, марҳамат, биёед, хуш омаданд, – хидматгорҳои Ҳоҷимаҳмуд ҳар ду табақаи дарвозаи калонро боз намуданд.
– Ҳоҷӣ дар хона ҳастанд? – эшони Абдулвоҳид аз афташ аспро хело давонда буданд, ки он зери обу арақ шитта гашта буд ва дар ҷои исташ бетоқатона сумак мезад.
– Бале, ҳазрати эшон, хӯҷаин дар хонаанд, хобанд, марҳамат дароед, – меҳмонро ба ҳавлӣ хонданд хидматгорон.
– Зудтар Ҳоҷиро бедор кунед, гӯед, ки эшони Абдулвоҳид омадааст, кори зарур ҳаст, хезад гӯед, зуд! – эшони Абдулвоҳид дар ҳарос буд, хаёлаш парешон.
Хидматгорон аз ҷилави аспи эшон дошта рӯ ба даруни ҳавлӣ оварданд. Дар ҳавлии Ҳоҷимаҳмуд аллакай аҳли хонавода бедор шуда буданд. Бо хоҳиши Ҳоҷимаҳмуд эшон аз асп пиёда шуда. Вале эшони Абдулвоҳид ба меҳмонхона надаромада, сабаби дар он ғояти шаб ташриф оварданашро баён намуд.
Эшони Абдулвоҳид хоб дида будаааст, ки гови харобе пайдо шуда гови фарбеҳро хӯрда.

пешина
аз 182
навбатӣ