БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

– Таъбири хобатон, пирам? – Ҳоҷимаҳмуд дастҳо пеши бар бо сари хам назди эшони Абдулвоҳид меистод.
– Амир бетахт шудагист.
– Шояд, – Ҳоҷимаҳмуд гӯё фикри эшони Абдулвоҳидро тасдиқ мекард.
– Худо нигаҳ дорад, Ҳоҷӣ, мамлакат кофаристон мешавад, Ҳоҷӣ, худатон медонед, аз Бухорои Шариф ҳар хел хабарҳо меоянд. Баъд мири Ҳисор ҳам бебақо мешавад.
– Мамлакат ба дасти урус мегузарад, пирам.
– То он рӯз омадан Худо амонатиашро гирад, Худованд рӯи уруса надида мурем. Шумо ҳама чия мефаҳмед, Ҳоҷӣ, шумо ҷаҳондида, медонед.
– Каму беш.
– Хобам рост аст, Ҳоҷӣ, худи ҳамин шаб ягон гап шуд, дилам гувоҳӣ медиҳад, ягон гап шуд, – эшони Абдулвоҳид гаштаву баргашта таъкид мекард, парешон ва бетоқаттар мегашт. Эшон ба Ҳоҷимаҳмуд муроҷиат кард: – то пештар равед, маълум мешавад, хабар биоред.
– Меҳмонхона дароед, пирам, монда шудед.
– Меравед?
– Чӣ мефармоед, пирам? – Ҳоҷимаҳмуд иқрор дошт, ки ба хидмат омода аст.
– Равед, балам, баргаштанатонро интизор мешавам.
– Сунатулло! – Овози Ҳоҷимаҳмуд баланд гашт.
– Лаббай, хӯҷаин, – хидматгоре пеш омад.
– Самандро аз ахтахона барор, зин зан, зуд бош!
– Хуб шудааст, хӯҷаин.
Ҳоҷимаҳмуд ба ҳавлии дарун гузашт. Занҳояш пайи ба сафар омода намудани вай шуданд. Палтояшро, ки гоҳе онро ба ҷои чакман ба бар мекард, оварданд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё