БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

«Ҳоҷимаҳмуд» мегуфтанд ӯро. Ба деҳа примус оварда будааст. Аҳли онрӯзаи деҳа назди Ҳоҷимаҳмуд дар ҳайрат. Гапу ҳарфи деҳа дар даҳони ӯ. Ӯ сару сарвари деҳа. Дар аҳди зиндагии Ҳоҷимаҳмуд дар деҳа эшони Судур, эшони Авлиё, мирохуру юзбошиҳо, амалдорони амиру мири Ҳисор, эшону муллоҳои забардаст мезистаанд. Лек ҳама сари итоат назди Ҳоҷимаҳмуд фуруд оварда. Аз ӯ ҳазар доштанд, Ҳоҷимаҳмуд марди ҷаҳондида, соҳиби илм, паҳлавон, батанутӯш. Аҳли деҳа аз туфайли ному шаҳомати ин марди наҷиб осуда, деҳа ором. Ба сар задани ҷанҷолу низоъҳо дар байни ҳамдеҳагон роҳ намедодааст. Аз гапаш баромада наметавонистаанд. Дуздон, одамони якраҳаю бадкирдорро ҳад мезанондааст.
Замоне дар деҳа ва дар деҳаҳои ҳамсоя аспдуздӣ сар шуда. Аспҳои бузии зӯр, аспҳои номиро мебурдаанд, мардум аз дасти аспдуздҳо ба дод омада. Ҳоҷимаҳмуд чандин шаб хоб нарафта аз пайи дастгир кардани дуздон меафтад. Ниҳоят сардори аспдуздҳоро, ки Намоз ном дошта, аз номаш ҳама дар ҳарос будаанд, дастгир мекунад ӯ. Рӯяш пури пашм, торҳои ришаш бо ҳам печида. Чашмони танг-тангаш хунбор, симои нозеб ва ваҳмоваре. Ана бо ҳамин гуна як марди бадафт, ки хело пурзӯр ҳам будааст, Ҳоҷимаҳмуд дар он шаби тираю тор танҳо ба танҳо даст ба гиребон шуда, ниҳоят ӯро мағлуб месозад ва баъд дастонашро ба пушт баста, пешандоз карда ба ҳавлии худаш меорад, вайро дар танаи сутуни пешайвонаш мебандад, пагоҳӣ вақти намози саҳар дар масҷид эълон доштааст, ки мардум, агар ҳавас дошта бошанд, ба хонаи ӯ биоянду дузди Намозро бубинанд.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё