Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

ҲОҶИМАҲМУД

Аз ҷасорат, тавоноӣ ва соҳиби нангу номуси баланд будани ин марди афсонавӣ, паҳлавон ҳикоятҳо мондаанд.
Модари ӯро Моҳи Мулло мегуфтаанд. Мактабдор.
Ба занону духтарони деҳа дар замони подшоҳӣ сабақ меомӯхтаанд. Занҳои синну солашон ба ҷое расидаи деҳа мегуфтанд: «забони каҷи моро Моҳи Мулло рост карданд. Ҳар чизе медонем, аз он кас ёд гирифтаем.
Моҳи Мулло устодамон. Фарзандонашон, набераю абера, пушт ба пушташон устодзода, як умр мо назди онҳо қарздор, хидмат мекунем».
Ҳоҷимаҳмуд аввалин марде буда дар деҳа, ки дунёдида, оламу одамдида. Бо нияти сафари Маккаю Мадина беш аз чордаҳ сол беному нишон шуда аз хаёлу хотирҳо рафтааст. Ӯ дар ин муддат ба бисёр мамлакатҳои араб сафар карда. Ба зиёрати хонаи Каъба шарафманд гашта. Ҳоҷӣ шуда. Солҳои зиёд дар кишварҳои Русия ҳам буда ӯ. Дар шаҳрҳои Маскав, Петербург зиста. Вақте вай ба деҳа баргашта, ки ҳамдеҳагон қарибе ӯро нашинохтаанд. Ба тарзи аврупоиён либос ба бар карда, шапка мемондааст, палто мепӯшидааст. Силоҳдор, шамшеру шоф, тапонча ва милтиқ доштааст.
Ҳангоми савори аспи саманди зебояш ба сафар баромадан мусаллаҳ мешудааст. Қаторвазна, шофу шамшер дар миён, камон дар китф, таппонча дар бағал. Аз кӯчаҳои деҳа ҳам ҳамин хел савора мегузаштааст. Худ ба худ бо забонҳои баҳри ҳамдеҳагон номафҳум ҳарф мезадааст, аввалин шахсе, ки дар деҳа забони русиро медонистааст. Ҳама аз ӯ дар ҳазар, ҳам меҳаросидаанд аз ӯ, ҳам эҳтиром доштаанд ба вай, соҳиби дараҷаи ҳоҷигӣ.

пешина
аз 182
навбатӣ