БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Ҳикоят мекунанд, ки ҳангоми ҷобаҷо сохтани бошаҳои болои сутунҳо устое, ки бунёди масҷид таҳти назари ӯ сурат меёфтааст, афтодааст, пояш шикастааст, лат хӯрдааст. Худо ба ӯ боз ҷони дубора ато намудааст, беш аз ду моҳ рӯи ҷой хобидааст, мардум бо навбат ӯро дар масҷид нигоҳубин кардаанд. Умуман, баҳри бунёди масҷид тамоми аҳли деҳа, хурду калон, зану мард ҷоннисор будаанд. Масҷид бо заҳмати мардумони онрӯзаи деҳа бино гашта. Таҳдевори бинои масҷид, сӯфаи баланди пешайвонҳо ҳама аз санг, сангчин шуда. Тамоми санги сангобро гӯё мардум ба масҷид кашидаанд. Пирони барҷомонда, беморон ҳам аз кори хайр, аз савоб дар канор намонем, гуфта аз сангоб як ё ду санг меовардаанд. Занҳо, арӯсони таги чодар шабҳо аз сангоб санг кашидаанд. Ҳар кадоми онҳо он рӯзҳо ҳазорҳо бор кутали деҳаро баромада фаромадаанд. Мардумони онрӯзаи деҳа ҳар яке орзуманд буда, ки заррае ҳам бошад, баҳри бунёди масҷид – хонаи Худо аз худ нақш, осоре бимонанд.
Масҷиди боҳашамати деҳа ба мисли кохи ёдгорие аз онҳо монда. То рӯзҳои аз нав таъмир гаштани масҷид, аз нав андова кардани деворҳои баланди он нақши ангуштон, панҷаҳо намоён буданд. Бунёдгузорони онрӯзаи масҷид гӯё бо ин васила баҳри ояндагон – ба мо нома навиштаанд. Онҳо киҳо буданд? Хок шудаанд ҳама. Аз онҳо масҷиди боҳашамати деҳа нишона.
Таърихи бунёди масҷидро бо хатти зебои арабӣ дар сутун ва болорҳо сабт карда будаанд, бо сиёҳии баланд, ҳарфҳои гӯё. Мегӯянд, ки сармашқҳо бо қалами яке аз мардони маълуму машҳури ҳамон рӯзҳои деҳа Ҳоҷимаҳмуд тааллуқ дошта. Вале хатти зебои хаттот имрӯз нохоно шуда. Лекин мардум соҳиби хатро аз хотир набаровардаанд. Андоваи як гӯшаи девори долони масҷид панҷакаш шуда. Он ҳам нақши панҷаҳои Ҳоҷимаҳмуд буда.

Барномасозӣ
Олами Афсонаҳо
Ахбор
Саломатӣ
Дунё