Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Аз шохсорони чинорҳои баланди масҷид парандагон ҳанӯз ғаҷар-ғуҷур мекарданд.
– Кай шинондани ин чинорҳоро мардум ёд дошта бошанд? – Пурсиданд муаллим.
– Не, мӯйсафедон ҳам ба хотир оварда наметавонанд,
– ҷавоб додам.
– Дунё зебо, дунё афсона, куҳна, – гуфтанд муаллим, нигоҳашон ба моҳу ситораҳо буд. Аз нурҳои ширгуни моҳ қаъри сангоб ҳам равшан гашта. – Дунё зебо аст, – ғарқи хаёл такрор намуданд муаллим, – вале умри одамон кироӣ не, бисёр кӯтоҳ, ночиз, ана ин чинорҳои қишлоқи шумо аз чандин насли одамӣ зиёдтар умр доранд. Вале одамон дар давоми ҳамин умри кӯтоҳашон бо ҳамдигар соз намегиранд, ҳамдигарро бад мебинанд, гӯё дар ин дунёи кушод бо ҳам зиста наметавонанд, намегунҷанд, хаёли марг, мурдан ба сарашон намеояд…
Мо ба роҳ даромадем.


Мегӯянд, ки масҷиди деҳа ҳам солҳое бунёд шуда, ки фарзандон – ҷигарбандҳои Ҳазрати Мир Сайид Алии Ҳамадонӣ ба ин макон омада будаанд. Аз ҳамон рӯзҳо дар ҳамин ҷои масҷиди ҳозира намоз мегузоштаанд.
Масҷидашон шуда ин гӯшаи хушманзараи деҳа. Хурдакак буда аввал бинои масҷид. Кулбаи хасине. Бо афзудани ҳисоби намозхонҳо аз нав ва аз нав сохта ва васеъ карда мешудааст. Ибтидои солҳои 1800-ум сохтмони масҷиди имрӯза шурӯъ гашта. Масҷиде, ки ҳоло намоз мегузоранд ва дар ҷумҳурӣ аз ҷиҳати меъморӣ яке аз ёдгориҳои нодир ба ҳисоб гирифта шудааст. Устоҳои соҳибҳунар, дар замонашон номдор баҳри бунёди масҷид аз шаҳрҳои гуногун даъват шудаанд, солҳо заҳмат кашидаанд. Аз чӯби чинорҳои азим барои долону пешайвонҳо сутун ва аз сангҳои хоро баҳри ҳар яки онҳо зерсутун тарошидаанд ва ба сангҳо гул андохтаанд.

пешина
аз 182
навбатӣ