Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Муаллимонам Солиев Теша, Нори Гулон ва муаллимон Саидов Давлат, Мирзоҳаётбоев, дӯстони азизам
Кӯкани дуобачӣ, Маҳкам, Азиз, собиқ раиси ҷамоаи
Роҳатӣ Мақсадулло Кӯканов ва ҳамсинфонам Сайидмуроди резинка, Ғафур, Абдуррозиқ, Салоҳи Раҷаб, ки акнун дар қайди ҳаёт нестанд, бо ҳамин роҳ – бо роҳи сангоб ба хонаи мо – ба Нилкон омада мерафтанд.


Дар ёдам монда, дар деҳаи Роҳатӣ бо устодам нависанда Ҳабибулло Назаров аз мошин фаромадем. Аз кӯчаҳои танг-танги пурпечутоби деҳа мегузаштем. Кутали деҳаи Роҳатиро ҷониби сангоб нишеб мешудем.
Дар ду тарафи роҳ ҳавлию боғҳо. Шоху навдаҳои дарахтони чормағзу олуча ва зардолуҳо болои бому деворҳо хамидаанд. Аз сангоб гузаштем, роҳи мо боз рӯ ба баландӣ, ба кутали деҳаи Нилкон. Кутал мебаромадем.
– Офарин ба ту, Кароматуллоҳ, – қомати баланду пайкари паҳлавононаи муаллим андаке ба пеш хам гашт. Ба хаёлам монда шуда буданд. Давом намуданд: – аз ҳамин ҷо ҳар рӯз шаҳр рафта меоӣ? Кор меравӣ?
– Ҳа, устод.
– Роҳи дур.
Куталро боло шудем. Дар рӯ ба рӯ мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатиф, деворҳои атрофи саҳни масҷид сар шуда.
– Камтар истем, – аз афташ муаллим дам гирифтан мехостанд. Рӯ ба роҳи омадаамон овардем. Дар поёни кутал сангоб. Ҳамроҳи муаллим рӯ-рӯи сангҳо сангобро гузашта будем. Шабона садои об баланд, аз сари кутал низ шав-шуви об ба гӯш меомад. Ҳамон шаб ҳам моҳи пурра болои сангоб омада буд. Боғу майдон, адиру пуштаҳо аз шуои он равшан. Равшании дилкушо ва фараҳафзо, осмон софу беғубор. Бӯи гул, бӯи сабзаю гиёҳҳои навруста меомад.

пешина
аз 182
навбатӣ