Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Қомати баландашон баҳри тавозӯъ, сипосгузорӣ хам зада. Саллаи сафед дар сар, дастҳо пеши бар, аз аҳли деҳа чи навъ изҳори миннатдорӣ карданашонро намедонистанд. Қавми лақай дар рӯзҳои сиёҳ, дар рӯзҳои сахт мададгорашон буданд, гоҳе дар хонаҳо – дар ҷои ҷонашон пинҳонашон мекарданд. Ноилоҷ монда буданд эшони домулло Мирзо. Улавҳои беҳисоб, ки кӯчи эшони домулло Мирзо ба онҳо бор карда шуда буд, дар он пагоҳирӯзии баҳори соли 1947-ум ба роҳ баромаданд. Эшони домулло Мирзо ба ақиб, ба Кабку, ба аҳли он назар андохта наметавонистанд. Аммо нигоҳи аҳли деҳаи Кабку, қавми лақай ба он кас, ба улавҳо буд.


Баъди Ҷанги Бузурги Ватанӣ андаке оромӣ ба амал
омад, гӯё дигар ту эшону мулло гуфта одамонро
намеҷустанд. Мардум боз дар орзуе, ки дар масҷид
ҷамъ оянд, намози бо ҷамоа гузоранд. Бо ҳамин мақсад
эшони домулло Мирзоро ба деҳа кӯчонда оварданд.
Одамон боз, ягон-ягон бо дили пурҳарос ба масҷид
меомаданд, меҳаросиданд, ки барои намози бо ҷамоа
гузоштанашон гунаҳгор ҳисобида нашаванд. Чашмашон аз ҳукумат тарс хурда буд. Лангари ҳукумат дароз,
як рӯз не як рӯз «гунаҳгорон»-ро ҷазо медиҳад. Ин хел
ҳодисаҳо бисёр рӯй додаанд, мардум медонанд. Бо
хаёли ноосуда одамон масҷид меомаданд. Атрофи мазори Ҳазрати Сайид Шоҳабдулатифро об зада, рӯфта,
тоза мекарданд, сабзаю себаргаҳои саҳни масҷидро об
медоданд. Шабҳо чароғҳои масҷид фурӯзон, масҷиди
деҳа аз нав обод мегашт. Эшони домулло Мирзо ҳамон
асои суп-сурхи чӯби бодомии белчадорашон, ки аз Бухоро оварда буданд, дар даст аз минбар назди намозхонҳо амри маъруф мекарданд, рӯзҳои ид, намози ҷумъа хутба мехонданд.

пешина
аз 182
навбатӣ