Зеҳн
БАЛОҒАТ - КАРОМАТУЛЛОҲИ МИРЗО

Як қисса ва чанд ҳикоя

Агенти Зеҳнӣ · 23 сентябри 2026 · 182 саҳифа

Қисса
Аз аввал хондан

Гуноҳи азим, вазнин, нобахшиданӣ, муаллим душмани илму дониш, душмани ҳукумат.
Муаллимро аз синф, аз назди шогирдон ва завҷааш бароварда, пешандоз карда бурданд, завҷаи муаллим дур аз хешовандон, дур аз зодгоҳ, дур аз Самарқанд, бесоҳиб, бесаробон монд. Дидори шогирди азиз, дӯсти меҳрубон, муаллими деҳа, ки маҳз ӯ хело беш талқин карда, ки устод аз деҳаи Бедак ба Кабку кӯчанд, дигар ба эшони домулло Мирзо насиб нагашт.
Ба эшони домулло Мирзо лозим омад, чанд соли дигар дар Кабку бизиҳанд. Ҷанг сар шуд, ҷанги дуюми ҷаҳон. Аз ҳамин деҳа акаам Меликхоҷа дар қатори ҷавонони лақай ба ҷанг сафарбар шуд. Инчунин, дар деҳа аз ҳар хонадон ба қадри имкон чизу чора, молу амвол ва маблағе ғун намуда ба ҷанг мефиристоданд. Ҷанг ба охир расида, акаам аз ҷанг баргашт, тир хӯрда буд, маҷруҳ. Аз дидораш ҳама шод будем. Дили падарам мадору қувват гирифта.
Ана дар ҳамон рӯзҳои тамом шудани ҷанг, аз деҳаи Нилкон улавакиҳо-савораҳою пиёдаи бисёр бо сардории раиси ҳамонвақтаи колхоз эшони Абдуқодир ба хонаи мо омаданд. Онҳо падарамро кӯчонда ба Нилкон бурданӣ будаанд. Мардуми деҳаи Кабку, ки солҳо эшони домулло Мирзо ҳамроҳи онҳо мезистанд ва эшон барояшон азизу гиромӣ гашта буданд, дар рӯзи кӯчиданашон, ҳама ношод, нохуш, хафаю маъюс шуданд. Аксарашон ашк мерехтанд. «Наравед, ҳазрати домулло, шумо пири мо, раҳнамои мо. Наравед, накӯчед», – илтиҷо доштанд. Эшони домулло Мирзо бо сари хам рӯ ба мардум, рӯ ба офтоб, ки аз паси теппаҳои канори сангоби Рангон рух менамуд, меистоданд.

пешина
аз 182
навбатӣ